Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August (страница 37)

Архив Месяца: August 2017

Оркестр

Оркестр

Оркестр (аз юнонӣ orchestra — майдончаи назди саҳнаи театр дар Юно- ни Қадим), коллективи калони мусиқинавозонест, ки бо асбобҳои гуногуни мусиқӣ асари барои онҳо эҷодшударо ,иҷро мекунанд. Тафовути Оркестр аз ансамбли созӣ ин аст, ки агар дар ансамбл ҳар партия аз ҷониби як навозанда иҷро шавад, дар Оркестр баъзе партияҳо …

Муфассал »

Орияти ашё

Орияти ашё

Орияти ашё, дар хуқуқи со­ветӣ яке аз шаклҳои шартномаи кирои молу мулкиест, ки аз рӯи он ташкилотҳои махсуси сотсиалистӣ ба гражданҳо барои истифодаи муваққатӣ (бо додани музди истифода) лавозими рӯзгорро пешниҳод менамоянд. Қоидаҳои умумии Орияти ашё дар Асосҳои қонунгузории гражданӣ ва КГ республикаҳои иттифоқӣ ба расмият дароварда шудаанд; шарт ва …

Муфассал »

Ория

Ория

Ория, уткали, халқест дар Ҳиндустон, аҳолии асосии музофоти Орисс. Шуморааш 23,5 миллион нафар. (1978). Забонаш ориягӣ. Аҷдоди Ория дар давлати Калинга маскун буда, баъдҳо ба ҳайати давлатҳои Мав­рин, Гупт, Харши (асри 7), асрҳои 16- 19 ба ҳайати давлати Темуриёни Ҳинд дохил шудаанд. Баъди истиқлолияти Ҳиндустон территорияи миллим Ория ба музофоти …

Муфассал »

Орифӣ

Орифӣ (тахаллус; Фатҳуллоҳ ибни Котиби Дарвеши Шерозӣ; соли таваллуд номаълум — вафот 1562), шоир ва муаррихи эронӣ. Асарҳояшро ба забонҳои форсӣ ва туркӣ эҷод карда­аст. Шоҳномачии (шахсе, ки таърихи манзуми ҳукмронии султонҳои Туркияи усмониро менавишт) султони Туркия Сулаймони 1 (ҳукмронии 1520—66) буд. Ба қалами ӯ таърихҳои манзум дар шакли маснавӣ …

Муфассал »

Орифов Нусратулло

Орифов Нусратулло (таваллуд 1900, дещаи Суфон, районии Фарғонаи вилояти Фарғона, Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1916—29 батрак, чоряккор, 1929—39 колхозчӣ, 1939—45 сардори бригадаи обчакорӣ, 1946—56 сар­дори бригадаи пахтакории      колхози«Съезди 22-юми партия» (собиқ «Коммунисти Тоҷикистон»-и райони Ленин). Аз соли 1971 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Орифов соли …

Муфассал »

Орифов Маъруф

Орифов (О р и ф й) Маъруф Орифович (1907, деҳаи Работи Поёни pайони Когони вилояти  Бухоро — 1978, Ду­шанбе), педагоги советии тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (1970), профессор (1971). Муаллими Хизматнишондодаи мактаби Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1958), «Аълочии маорифи халқи СССР». Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1956. Солҳои 1920— …

Муфассал »

Орифов Амонулло

Орифов Амонулло Яҳёевич (23. 06. 1932, Ленинобод —21. 04. 1983, Ду­шанбе), терапевти советӣ, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1969). L 1954 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1954—64 ординатори клиникӣ, аспи­рант, ассистент ва досенти кафедраи факултативӣ ва баъд терапияи госпиталии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон. Соли 1968 мудири кафедраи пропедевтикаи …

Муфассал »

Орифи Xиравӣ

Орифи Xиравӣ Мав­лоно Махдум (1388, Ҳирот —1449, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз зиндагӣ ва таҳсили Орифи Xиравӣ маълумоте дастрас нест. Ӯ марди хуштабъ бу­да, бо номи Салмони Сонӣ маъруф будааст. Ин номро аз он ҷиҳат ба ӯ нисбат додаанд, ки ба мисли Салмо­ни Соваҷӣ марди обиду порсо буда, табъу қудрати …

Муфассал »

Орифи Қазвинӣ

Орифи Қазвинӣ Мирзо Абулқосим (1882, Қазвин — 1933, Ҳамадон), шоири эронӣ. Аз оилаи мулло. Ҳамчун шоир ва ҳофиз дар солҳои Револютсияи Эрон (1905—11) шӯҳрат ёфт. Орифи Қазвинӣ дар ин солҳо дар кӯчаву майдони шаҳрҳо консерт барпо кар­да, ашъорашро худаш ба оҳанг да­роварда мехонд. Махсусан таснифҳои танқидие, ки бо оҳанги суруду …

Муфассал »