Маълумоти охирин

Архивы за день : 30.08.2017

Очилов Аҳад

Очилов Аҳад (таваллуд 1912, Самар­канд), ветерани хоҷагии халқ, Қаҳ- рамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1940. Солҳои 1931—32 мудири макта­би ибтидоӣ (Са­ма рқанд), 1932—33 котиб, раиси суди pайони Ҳисор, 1933—35 инструктори Комитети иҷроияи Совети де­путатҳои меҳнаткашони шаҳри Ду­шанбе, 1935—36 Ҷонишини раиси Совети қишлоқии Неъматбачаи pайони Регap, 1936—37 дар …

Муфассал »

Деҳаи Очилдӣ

Очилдӣ, деҳаест дар Совети қишлоқи Қалъаидашти pайони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Қалъаидашт-l». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 22 километр. Аҳолинаш 440 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хонагӣ — боғдорӣ ва картошкакорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Очерк

ocherk

Очерк, яке аз навъҳои ҷинси эпикӣ буда, аз ҳикоя ва новелла бо надоштани конфликти яклухту пуршиддати тез ҳалшаванда ва хусусияти тавсифии худ фарқ мекунад. Дар Очерк ба мисли ҳикоя, повест, ро­ман, драма нависанда чандон соҳибихтиёр набуда, асосан воқеаву шахсҳои воқеиро тасвир менамояд. Очерк аз лавҳаҳои гуногун, мулоқотҳо, гуфтугузорҳо, муносибати шахсҳо, …

Муфассал »

Очаков

ochakov

«Очаков», крейсери флоти баҳри Сиёҳ, ки дар шӯриши Севастопол (1905) иштирок кардааст. Шӯришро ташкилоти ҳарбии болшевики тайёр кард. 8 ноябр дар крейсер ошуби матросҳо cap зад, шуришгарон талабҳое пешниҳод карданд, ки дар байни онҳо талабҳои умумисиёси ҳам буданд. 13 ноябр матросҳо офисерони крейсерро ҳабс карда, ба Совети депутатҳои матросҳо, солдатҳо …

Муфассал »

Охур

oxur

Охур барои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, ҷоест барои хӯроки чорпоён. Охур пошхурӣ, сарфаи хӯрок, шароити беҳдошту гигиенаи хӯрокдиҳиро таъмин менамояд. Сохт ва андозаи Охур ба намуд, синну сол ва усули Нар­ва риши чорво вобаста аст. Охур бояд барои ҳар гуна хӯроки якдафъагии ҳайвонот, инчунин барои пур кардани хӯрок, беҳдошт ва дезинфексия …

Муфассал »

Охунова Турсуной

oxunova_tursunoy

Охунова Турсуной (20. 5. 1937, деҳаи Эски Тошкент, вилояти Тошкент —21 сентябр 1983, ҳамон ҷо), механизатор, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1959, 1978), Механизатори Хизматнишондодаи Республикаи Советии С отсиалистии Ӯзбекистон (1967). Аъзои КПСС аз соли 1962. Солҳои 1949—52 колхозчии колхози ба но­ми С. М. Киров, 1952—60 механизатори МТС-и «Пахта»-и райони …

Муфассал »

Охунов Ҷӯрабой

Охунов Ҷӯрабой (таваллуд 25. 5. 1932, Душанбе), бастакори советии тоҷик. Омӯзишгоҳи мусиқии Душан­бе (синфи композисияи А. С. Лен­ский)-ро ва шуъбаи миллии Кон­серваторияи Моск­ва (синфи компо­зисиям профессор В. Г.Фере)-ро хатм намуд (1954). Эҷодиёташ ҳангоми таҳсил дар кон­серватория cap шудааст. Кантатаҳои «Партияи мо» (шеърҳои Б. Раҳимзода) «Ба партияи диловар» (шеъри А. Сидқӣ), …

Муфассал »

Охундов Мирзо Фатҳалӣ

oxundov_mirzo_fathali

Охундов Мирзо Фатҳалӣ (12. 7. 1812, Шекӣ. ҳозира Нуҳо —10. 3. 1878, Тифлис), нависандаи маорифпарвари озар, файласуфи материа­лист. Асосгузори драматургия ва насри реалистии Озарбойҷон. Забонҳои русӣ, арабӣ ва туркиро медонист. Дар Кавказ дар идораи гумоштаи шоҳ (Тифлис, 1834—78) вазифаи тарҷумониро адо менамуд. Дар Омӯзишгоқи уездии Тифлис аз забонҳои форсӣ ва …

Муфассал »

Охундзода Мулло

Охундзода Мулло Муҳаммадсиддиқи Ниёзи (соли таваллуд ва вафот номаълум), аз хаттотони Ҳирот, мутахаллис ба Ниёзӣ. Дар маҷлису маҳфилҳои адабӣ ширкат мекард. Хутути сулсу куфиро хеле моҳирона менавишт. Дар настаълиқ шеваи хоси худро дошт. Солҳои охири умр ба қитъанигорӣ машғул буд. Дар синни 90-солагӣ аз дунё даргузашт. Намунаи осораш дар китобхо- …

Муфассал »

Охунд Муллоалии Муҳаммад

Охунд Муллоалии Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), машшоқ ва мусикидони асрҳои 16—17 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Исфақон. Санъати мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Охунд Муллоалии Муҳаммад дар санъа­ти хаттотӣ ва сураткашй низ маҳорати баланд дошта, чандин девону куллиёти шоирон бо қалами ӯ ороиш ёфтаанд. Охунд Муллоалии Муҳаммад асосан дар мусиқӣ шӯҳрат ёфта, …

Муфассал »