Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Охунд Муллоалии Муҳаммад

Охунд Муллоалии Муҳаммад

Охунд Муллоалии Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), машшоқ ва мусикидони асрҳои 16—17 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Исфақон. Санъати мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Охунд Муллоалии Муҳаммад дар санъа­ти хаттотӣ ва сураткашй низ маҳорати баланд дошта, чандин девону куллиёти шоирон бо қалами ӯ ороиш ёфтаанд.

Охунд Муллоалии Муҳаммад асосан дар мусиқӣ шӯҳрат ёфта, доир ба таркиботи илмии мусиқӣ рисолае бо унвони «Дар тавсифи қавоиди мусиқӣ» таълиф кардааст. Ӯ дар шеър низ салиқаи баланд доштааст ва «Куллиёте» тартиб дода, таркиботи мақомотро бо тавсифоти баланд ба қалам медиҳад. Охунд Муллоалии Муҳаммад чун мусавнифи та­ронаву оҳангҳо дар ҳаёти мусиқии даврааш мавқеи намоёне дошт. «Савти охунӣ», «Пешрави охунӣ», «Нақши муллой» ва ғайра аз таснифоти машҳури ӯст. Дар Ҳирот мадфун аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …