Маълумоти охирин

Архивы за день : 23.08.2017

Отабоев Абдураҳим

Отабоев Абдураҳим (таваллуд 1909, деҳаи Куркати ҳозира райони Нов, вилояти Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1926—30 батрак, 1930—69 колхозчӣ, сардори звенои пахтакории колхози «50-солагии СССР»-и ,райони Нов. Звенои Отабоев солҳои 1947—48 ҳосили фаровони пахта ба даст овардааст. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Муфассал »

Оссиллятор

ossillytor

Оссиллятор (аз лотинӣ oscillo — мелаппам), системаи физикаи лаппандаро гӯянд. Системам механикие, ки дар наздикии нуқтаи мувозинат мелаппад, Оссиллятори классикӣ ном гирифтааст. Агар энергияи потенсиалии Оссиллятор ба квадрати тамоил аз вазъияти мувозинат (ин ҳолат дар мавридҳои лаппишҳои хурд ҷой до­рад) мутаносиб бошад, онро Оссиллятори мавзунӣ (гармоникӣ) меноманд. Мафҳуми Оссилляторро дар …

Муфассал »

Оссиллограф

ossillograf

Оссиллограф (аз лотинӣ  — мелаппам ва …графил), асбоби чен-кунандаест барои мушоҳида кардани вобастагиҳои байни ду ё якчанд бузургиҳои бо мурури замон фаврӣ тағйирёбанда (ҷараёну шиддат, басомаду кӯчиши фаза, давомату басомади такрори импулс ва ғайра). Оссиллографи электроншуоӣ бештар маъмул аст, ки дар он сигнали бузургиҳо ба лавҳаи тамоилхӯрандаи карнаи оссил­лографӣ меафтад …

Муфассал »

Осур

Осур (ар. — фишурдашаванда), бемориеро гӯянд, ки шахси ба он гирифтор ҳангоми бедорӣ дар са­ри синааш сузиш ва вазнинӣ ҳис мекунад.

Муфассал »

Остроградский Михаил Ва­силевич

ostrogradskiy_mixail_vasilevich

Остроградский Михаил Ва­силевич (24. 9. 1801, деҳаи Пашен­ная ҳозира вилояти Полтава — 1. 1. 1862, Полтава), матема­тики рус, академики Академияи Фанҳои Петербург (1830). Дар Университети Харков таҳсил намуда (1816—20), баъд дар Париж лексияҳои Островский Ко­ши, П. Лаплас ва Ж. Фуреро шунидааст (1822—28). Профессори синфҳои офисерии Корпуси кадетии баҳрӣ (аз соли …

Муфассал »

Деҳаи Островский

dehai_ostrovskiy

Островский, деҳаест дар Совети қишлоқи Панҷи pайони Қумсангир, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи В.ладимир Илич Ле­нин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 6 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1400 нафар (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, пункти тиббӣ, сартарошхона ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷа- …

Муфассал »

Островский Николай Алексее­вич

ostrovskiy_nikolay_alekseevich

Островский Николай Алексее­вич (29. 9. 1904, деҳаи Вилияи ҳозира райони Островский вилояти Равенск — 22. 12. 1936, Моск­ва), нависандаи советии рус. Аз оилаи коргар. Аъзои Партиям коммунисти аз соли 1924. Соли 1919 ба сафи комсомол до­хил шуда, бо хоҳиши худ ба фронт рафт. Дар қисмҳои бригадаи савораи Г. И. Котов­ский …

Муфассал »

Островский Александр Никола­евич

ostrovskiy_aleksandr_nikolaevich

Островский Александр Никола­евич (12. 4. 1823, Москва —14. 6. 1886, Щеликово, ҳозира pайони Островскин вилояти Кострома), драматурги рус. Аз оилаи ҳуқуқшиноси соҳибмансаб; модараш аз табақаи поёни рӯҳониён. Дар Гимназияп 1-уми Москва (1835—40) ва факултети ҳуқуқшиносии Университети Москва (1840—43; нотамом) таҳсил кардааст. Айёми хизмат дар идораҳои маҳкамаи Москва (1843—51) таҷрибаи зиёди …

Муфассал »

Островитянов Константин Ва­силевич

ostrovitynov_konstantin_vasilevich

Островитянов Константин Ва­силевич (30. 5. 1892, деҳаи Бычкии губернияи Тамбов — 9. 2. 1969, Москва), иқтисодчӣ ва ҳодими  ҷамъиятии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1953), аъзои ҳақиқии Академияи Фанҳои Чехословакия (1957). Аъзои КПСС аз с.1914. Институти савдои Москваро хатм намудааст (1917). Соли 1916 ба Комитети махфии РСДРП-и Москва аъзо шу­дааст. …

Муфассал »

Острава

ostrava

Острава (Ostrava), Моравска- Острава, шаҳрест дар Чехослова­кия, дар Республикаи Сотсиалистии Чехия, дар соҳили дарёи Одра (Одер). Маркази маъмурии вилояти Моравияи Шимолӣ. Аҳолиаш 317 ҳазор нафар (1976). Узели муҳими нақлиёт. Мар­кази ноҳияи асосии ангишту метал­лургияи мамлакат. Саноати ангишт, истеҳсоли кокс, коксу химия, химия, мошинсозии вазнин ривоҷ ёфтааст. Донишкадаҳои олии мошинсозӣ ва …

Муфассал »