Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August / 21 (страница 3)

Архивы за день : 21.08.2017

Паразитология

parazitologiya

Паразитология (аз юн. раrasitos — паразитҳо ва …логия), илми биологии комплексиест, ки зуҳуроти паразитизми олами ҳайнонотро ҳаматарафа меомӯзад. Паразитология илмест, ки ба­рои (ҳифви сиҳатии одам ва ҳайво­нот хизмат мекунад, зидди паразит­ҳо ва қасалиҳои сироятӣ даво меёбад. Аз ин ҷиҳат Паразитология бо илмҳои зо­ология, ботаника, тиб, ветеринария, химия ва ғайра сахт …

Муфассал »

Паразитизм

parazitizm

Паразитизм дар биология як шакли ҳамзистии организмҳои гуногун (растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо)-ро гӯянд, ки дар ҷараёни оп яке (паразит) дигаре (ҳо­мил)-ро чун муҳити зиндагӣ ва манбаи ғизо истифода мебарад. Вобаста ба ҷои зист Паразитизм ду хел мешавад: Паразитизми берунӣ ё эктопаразитизм (паразит дар рӯи бадани ҳомил зиндагӣ мекунад) ва Паразитизми …

Муфассал »

Парадоксов Леонид

Парадоксов Леонид Фёдорович (апрели 1890, деҳаи Тимашево, ҳозира вилояти Куйбишеви РСФСР —26. 8. 1954, Душанбе), офталмологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1951), профессор (1952), аъзо- корр. АФ РСС Тоҷикистон. (1951), Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Духтури Хизматнишондодаӣ РСС Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1921 факултети тиббии Университети Осиёи Миёнаро хаим …

Муфассал »

Парадигма

paradigma

Парадигма (аз юн. рparadeigma— намуна, мисол), системаи шаклҳои мухталифи як калима, ки шакливазкунии онро аз рӯи категорияҳои грамматикии ба он хос (аз рӯи ҷинс, шумора, падеж тағйир ёфтани исмҳо; шахсу шумора дар феълҳо) ифода менамояд; нақши (сурати) тағйирёбии калима мувофиқи категорияҳои грамматикӣ — тасрифи исмҳо, таорифи феълҳо. Шаклҳои воҳидҳои забон …

Муфассал »

Парагнейс

paragneys

Парагнейс (аз пара… ва гнейс), ҷинси кӯҳии метаморфиест, ки дар қаъри қишри Замин дар натиҷаи тағйир ёфтани ҷинсҳои таҳшинӣ ба вуҷуд меояд. Асосан ҷинсҳои терригенӣ (регсанг, алевролит, варақсангҳои гилӣ ва ғайра) аз таъсири фиҳори зӯр ва ҳарорати баланд хусусиятҳои физикию химиявии худро тағйир дода, ба арагнейс табдил меёбанд. Парагнейс дар …

Муфассал »

Парагенезиси минералҳо

paragenezisi_mineralho

Парагенезиси минералҳо (аз пара… ва генезис), дар қишри Замин қонунан якҷоя воқеъ будани минералҳоро гӯянд, ки дар шароити муштарак ба вуҷуд омадаанд. Истилоҳи «Парагенезиси минералҳо» бори аввал соли 1849 истифода шудааст. Мафҳуми «Парагенезиси минералҳо» бошад, солҳои 20 асри 20 дар асарҳои В. И. Вернадский инкишофи комил ёфт. Муҳимтарин омилҳое, ки …

Муфассал »

Республикаи Парагвай

respublikai_paragvay

Парагвай (Раraguay), Р е с п у б л и к а и Парагвай (Republica del Paraguay). Парагвай, давлатест дар қисми марказии Америкаи Ҷанубӣ. Дар Шимол ва Шимолу Ғарбӣ бо Боливия, дар Шимолу Шарқ ва Шарқ бо Бразилия, дар Ҷануб,  ва Ғарб бо Аргентина ҳамсарҳад аст. Масоҳати.—406,8 ҳазор км2. Аҳолиаш …

Муфассал »

Парагвай

paragvay

Парагвай (Раraguay), дарёест дар Бразилия ва Парагвай, шохоби  рости дарёи Парана. Тӯлаш 2200 км (аз рӯи маълумотҳои дигар 2500 км); масоҳати ҳавзааш 1150 ҳазор км2. Аз қисми шимолу ғарбии паҳнкӯҳи Бразилия оғоз ёфта, ба самти Ҷ. ҷорӣ мешавад, пастхамии васеи ботлоқзори Пантанал ва қисми пастии  Гран-Чакоро бурида мегузарад. Бари дарё …

Муфассал »

Парагваиҳо

paragvaiho

Парагваиҳо, аҳолии асосии Па­рагвай, ки тақрибан 99% сокинонашро ташқил медиҳад. Шумораашон қариб 3 млн нафар (1978). Парагваиҳо асосан асрҳои 17—18 дар натиҷаи омезиши ҳиндиёни гуаранӣ ва испаниҳо ташаккул ёфтаанд; аз ҷиҳати антропо­логӣ бештар дурагаанд. Зиёда аз нисфи Парагваиҳо бо ду забон — испанӣ ва гуаранӣ гап мезананд. Диндорон ка­толиканд. Доир …

Муфассал »