Орогенез, орогенезис (юнонӣ oros — куд ва …аскез), кӯҳпайдошавӣ, ҳаракатҳои кӯҳпайдошавиест, ки дар ноҳияҳои геосинклиналӣ аз таъсири массаҳои тазйиқовар ба амал меоянд. Истилоҳи «Орогенез»- ро соли 1890 геологи америкоӣ Г. Дилберт ба илм ҷорӣ намуд. Аввалҳо чунин мешумориданд, ки аз Орогенез ҷинҳо ва кӯҳҳо пайдо мешаванд. Ба фикри олимони советӣ …
Муфассал »Архивы за день : 10.08.2017
Ороген
Ороген (аз юнонӣ oros — кӯҳ ва …ген), марҳилаи дуюми инкишофи геосинклиналҳост (зонаҳои аз ҷиҳати тектоники серҳаракати қишри Замин). Дар ин марҳила қишри Замин боло бардошта шуда, кӯҳҳо ба вуҷуд меоянд. Истилоҳи Орогенро соли 1921 геологи австриягӣ Л. Кобер ба илм дохил кардааст. Мувофиқи ақидаи ӯ Ороген дар байни массаҳои …
Муфассал »Орнитохория
Орнитохория (аз юнонӣ ornithos— парранда ва choreo — меравам, паҳн мешавам), тавассути паррандаҳо паҳн шудани мева ва тухми растаниҳост. Як ҷузъи зоохория. Паррандаҳо мева ва тухми растаниҳоро бо чангол ё нӯли худ бурда, дар сӯрохии кундаҳо, зери хасу шиббаҳои лонан худ ва ғайра пинҳон ва захира менамоянд. Тухми растаниҳо дар …
Муфассал »Орнитология
Орнитология (аз юнонӣ ornis, огnithos—парранда ва … логия), як соҳаи зоология аст, ки эмбриология, морфология, физиология, экология, систематика ва тақсимоти географии паррандаҳоро меомӯзад. Нахустин асар оид ба Орнитология— «Таърихи ҳайвонот» ба қалами Арасту (асри 4 то милод) тааллуқ дорад. Ӯ дар асараш дар бораи 170 намуди парранда маълумот додааст. Асоси …
Муфассал »Орнитозҳо
Орнитозҳо (аз юнонӣ ornis, ornithos — парранда), як гурӯҳи бемориҳои вирусии парранда ва одамро гӯянд. Орнитозҳо аввалин бор соли 1875 илман қаламдод шудааст. Сирояти Орнитозҳо дар бештар аз 130 намуди паррандаҳо муқаррар карда шудааст, ки ин ба «орнитоз» номидани беморӣ водор намуд. Ангезандаи Орнитозҳо вирусест, ки аз наҷосат ва луоби …
Муфассал »Орлова Любов Петровна
Орлова Любов Петровна (11. 2. 1902, Звенигород, ҳозира вилояти Москва — 27. 1. 1975, Москва) актрисаи советии рус, Артисти Халқии СССР (1950). Дар Консерватория (1919 —22) ва техникуми театрии Москва (қисми хореографӣ; 1922—25) таҳсил намудааст. Солҳои 1926—33 дар Театри мусиқии ба номи В. И. Немирович-Данченко кор кардааст. Фаъолияти эҷодии актриса …
Муфассал »Орлов Юрий Александрович
Орлов Юрий Александрович (12. 6. 1893, деҳаи Томышево, ҳозира pайони Новоспасскийи вилояти Уляновск—2.10. 1966, Москва), палеонтолог ва гистологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1960; аъзо-корреспондент 1953). Соли 1917 Университети Петербургро хатм кардааст. Солҳои 1916—24 муаллими Университети Перм, 1924—35 муаллими Академияи ҳарбии тиббии Ленинград, 1933—41 профессори Университети давлатии Ленинград, аз соли …
Муфассал »Орлов Александр Сергеевич
Орлов Александр Сергеевич (4. 2. 1871, Москва — 6. 3. 1947, Ленинград), адабиётшиноси советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1931). Факултети таъриху филологияи Университети Москваро хатм кардааст (1895). Дар ҳамон университет ва мактабҳои олии дигар муаллим буд. Аз соли 1933 муассис ва роҳбари Шуъбаи адабиёти қадими руси Хонаи Пушкин. Муҳимтарин таълифи …
Муфассал »Орлеани Нав
Орлеани Нав (New Orleans), шаҳрест дар ҷануби Штатҳои Муттаҳидаи Америка, дар штати Луизиана. Яке аз бандарҳои калонтарини мамлакат дар соҳили чапи дарёи Миссисипӣ ва назди халиҷи Мексика. Узели калони роҳи оҳан, маркази муҳимми молия ва тиҷорат (пахта, ғалла, қанд ва ғайра). Аэропорт дорад. Аҳолиаш 570 ҳазор нафар (зиёда аз ‘/4 …
Муфассал »Оркней
Оркней (ҷазираҳои Оркней—Orkney Islands), галаҷазираест дар ҳайати ҷазираҳои Британия, дар наздикии канори шимоли Шотландия. Тобеи Британияи Кабир. Тақрибан 70 ҷазираро дар бар мегирад. Масоҳати умумии Оркней қариб 1000 километр2. Аҳолиаш 17,1 ҳазор нафар (1971). Ҷазираи калонтарин — Мейнленд. Сатҳи ҷазираҳо — сертеппа. Ҷои аз ҳама баландтарашон 477 метр (ҷазираи Хой). …
Муфассал »