«Ораз» (арабӣ сг А* — рухсора, чеҳра), 1) номи шӯъбаест дар системаи «Дувоздаҳмақом». Дар қисмати насрии мақомҳои «Наво» ва «Дугоҳ»-и «Шашмақом» амал дошта, бо номи «Орази Наво» ва «Орази Дутоҳ» маъмул аст. Усули дойра, сохти оҳангӣ ва ченаки шеърии «Ораз» дар ҳарду мақом якхела буда, ба пардаҳои ҳар ду мувофиқат …
Муфассал »Архивы за день : 03.08.2017
Оптимизм ва пессимизм
Оптимизм ва пессимизм (аз лотинӣ optimus — беҳтарин ва pes- simus—бадтарин), ду муносибати зидди ҳамдигар ба рафти ҳодисаҳо; оптимизм боварӣ ба ояндаи нек, имкони тантанаи некӣ бар бадӣ, адолат бар беадолагист, пессимизм — анҷоми бади ҳодисаҳо, рӯҳафтодагӣ, нобоварӣ ба тантанаи некӣ бар бадист. Дар таърихи фалсафа ҷаҳонбинии оптимистиро бисёр мутафаккирон …
Муфассал »Оптимизатсия
Оптимизатсия (лотинӣ optimum — беҳтарин), просесси ёфтани максимум ё минимум функсияи додашуда ё аз (маҷмӯъҳои имконпазир интихоб намудани варианти беҳтарин. Усули боэътимоди ҷустуҷӯи варианти беҳтарин муқоисаи ҳамаи вариантҳои имконпазир (алтернативаҳо) ба ҳисоб меравад. Агар миқдори алтернативаҳо беинтиҳо бошад, ҳангоми ҷустуҷӯи варианти беҳтарин аз усулҳои программасозии математикӣ истифода мебаранд. Аммо программасозии …
Муфассал »Оптикаи ғайрихаттӣ
Оптикаи ғайрихаттӣ, як соҳаи оптикаи физикист, ки дар он паҳншавии дастаҳои пуриқтидори рӯшноӣ дар ҷисмҳои сахт, моеъ ва газ, инчунин таъсири мутақобили онҳо бо модда тадқиқ мешавад. Бо бунёди лазерҳо оптика ба манбаъҳои афканишоти когерентии иқтидорадшон то 10®—dO11 Вт соҳиб шуд. Дар чунин майдони зӯри рӯшноӣ ҳодисаҳои тамоман нави оптикӣ …
Муфассал »Оптикаи электронӣ ва ионӣ
Оптикаи электронӣ ва ионӣ, илмест дар бораи рафтори дастаҳои электрону ионҳо дар вакуум таҳти таъсири майдонҳои электрӣ ва магнитӣ. Азбаски тадқиқи дастаҳои электронӣ нисбат ба дастаҳои ионӣ пештар оғоз ёфтаасту дастаҳои электронӣ назар ба дастаҳои ионӣ маъмултаранд, бештар истилоҳи «Оптикаи электронӣ» истифода мешавад. Вай асосан бо масъалаҳои ташшккул, фокусиронӣ ва …
Муфассал »Оптикаи шуоӣ
Оптикаи шуоӣ, як қисми оптика аст, ки паҳноиши шуои рӯшноӣ, аз сатҳи ҳудудии муҳит инъикос шудани рӯшноӣ ва қонуниятҳои шикасти шуои рӯшноиро меомӯзад (нигаред Оптикаи геометрӣ).
Муфассал »Оптикаи физикӣ
Оптикаи физикӣ, нигаред Оптика.
Муфассал »Оптикаи нейтронӣ
Оптикаи нейтронӣ, як соҳаи физикаи нейтронист; ҳодисаҳоеро меомӯзад, ки шабеҳи ҳодисаҳои оптикӣ буда, ҳангоми таъсири мутақобили дастаи нейтронҳо бо модда ё худ бо майдонҳои магнитиву гравитатсионӣ ба амал меоянд. Ҳодисоти мазкур хоси нейтронҳои суст мебошанд. Инкисор ва инъикоси дастаҳои нейтронӣ дар сарҳади ду муҳит, инъикоси пурраи дастаи нейтронӣ аз ҳудуди …
Муфассал »Оптикаи геометрӣ
Оптикаи геометрӣ, як фасли оптика буда қонунҳои паҳноиши рӯшноиро дар асоси тасаввурот оид ба шуоъҳои рӯшноӣ меомӯзад. Хатеро шуои рӯшноӣ гӯянд, ки қад-қади он сели рӯшноӣ паҳн мешавад. Мафҳуми шуоъ фақат то дами дар қитъаҳои аз ҷиҳати оптикӣ ғайриякҷинсаи муҳит ба назар нагирифтани дифраксияи рӯшноӣ ба ҳақиқат мувофиқ аст, яъне …
Муфассал »Оптикаи атмосферӣ
Оптикаи атмосферӣ, як фасли физикаи атмосфера буда, ҳодисаҳои оптикиеро меомӯзад, ки ҳангоми аз атмосфера гузаштани рушноӣ ба амал меоянд (шафақ, тирукамон, сароб, таӯйири ранги осмон, пароканиш ва афканиши радиатсияи намоён ва нонамоён аз тарафи атмосфера, поляризатсияи рӯшноии осмонӣ, назарнамоии предметҳо ва ғайра). Вазифаи асосии Оптикаи атмосферӣ аз омӯхтани хосиятҳои оптикии …
Муфассал »