Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 31 (страница 4)

Архивы за день : 31.07.2017

Шаҳри Олвия

0

Олвия, шаҳр— давлати атиқаи ғуломдориест, ки дар со­ҳили рости лимани Буг воқеъ буд; номи дигараш Борисфен (аз номи юнонии дарёи Днепр). Димнаи Олвия назди деҳаи ҳозираи Парутинои райони Очакови вилояти Николаев воқеъ аст. Аввали асри 6 то милод юнониёни шаҳри Милет асос гузоштаанд. Заминҳои ҳар ду соҳили Буг ва бисьёр …

Муфассал »

Олуча

0

Олуча, олуи худрӯйро гӯянд, ки ба оилаи настараниҳо тааллуқ до­рад. Се намуди Олуча (дарвозӣ, суғдӣ ва тоҷикистонӣ) маълум аст. Олучаи д а р в о з ӣ (Prunus darvasica) буттаи мевадорест, ки то 1,5—2,5 метр қад мекашад. Баргаш байзашакл ё нештаршакл (дарозиаш 5—6 сантиметр), гу­лаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,5—1,8 сантиметр), …

Муфассал »

Олуиҳо

0

Олуиҳо (Prunoideae), зероилаи растаниҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ё хазонрезесг мансуби настараниҳо. Гулҷояшон каму беш фурӯхамида, бештар найчашакл буда, 10—12 гардбарг, 1 ва баъзан 2 ё 5 мевабарг донакмеваи яктухма, баъзан дутухма доранд. Ба Олуиҳо аксари дарахтҳои мевадеҳ зардолу, шафтолу, олу, олуча, олуболу, гелос ва ғайра мансубанд. Олуиҳо тез месабзанд; бинобар ин …

Муфассал »

Олуболу

01

Олуболу, олучабандак, олуча (Cerasus vulgaris), дарахт ё буттаест аз настараиҳо; меваи маъмул. Баландиаш 3—7 метр. Пӯстлохи танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш думчадори байзашакл ё дарозрӯя (дарозиаш 6—8 сантиметр, бараш 4—5 сантиметр), дандонадор, бемӯяк, думчааш (дарозиаш 1,5—2 сантиметр) сермӯяк, хушагулаш чатракшаклн 1—4 гула, гулаш сафед (диаметраш 2,5—3 сантиметр), мевааш сурх, …

Муфассал »

Олуи муқаррарӣ

0

Олуи муқаррарӣ (Р. domestica) дарахтест баландиаш то 12 метр. Бар- гаш гуногуншакл (дарозиаш 4—10 сантиметр, бараш 2,5—6 сантиметр), гулаш сафедшакл, ранг, таъм ва мӯҳлати пухта расидани мевааш гуногун аст. Пай- доишаш маълум нест; тахмин ме­кунанд, ки дар натиҷаи дурагашавии табиии олучаву тёрн ва минбаъд бо роҳи интихоб карда парваридан пайдо шудааст. …

Муфассал »

Олу

0

Олу (Prunus), ҷинси бутта ё дарахт мевадорест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш аз 1 то 12 метр. Баргаш мудаввар, дарозрӯя ё нештаршакл, гулаш сафед, сабзтоб ё гулобӣ, ҷудогона ё 2—5-тои дар навдаи кӯтоҳ воқеъ шудааст. Мевааш зард, сабз, сурх, қирмизӣ ё сиёҳи кабудтоб (аз 6 то 100 грамм) мудаввар ё тухмшакл. …

Муфассал »

Олтойҳо

0

Олтойҳо (аз соли 1922то 1948 ой­ротҳо низ меномиданд), халқиятест, ки дар Вилояти Автономии Кӯҳистони Олтойи кишвари Олтойи РСФСР зиндагӣ мекунад. Дар гузашта номи умумии гурӯҳи қабилаҳои туркизабон, ки дар Кӯҳистони Олтой ва қисман дар Олтойи Кузнеск маскун буданд. Шумораашон 60 ҳазор нафар (1979). Ба забони олтойи гап мезананд. Аз ҷидати …

Муфассал »

Олтойи Муғул

0

Олтойи Муғул, системаи кӯҳиест дар РХМ ва Хитой. Аз Шимоли Ғарб ба Ҷануби Шарқ тақрибан 1000 километр тӯл кашидааст, бараш 150—300 километр. Ҷои аз ҳама баландаш 4362 метр (кӯҳӣ Мунх- Хайрхон-Ула). Аз якчанд қаторкӯҳҳои мӯтавозӣ иборат аст, ки онҳоро водиҳои чуқури тектоникӣ бурида гузаштаанд. Теппадои кӯҳҳо аксар ба пуштакӯҳ монанд …

Муфассал »