Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 21 (страница 3)

Архивы за день : 21.07.2017

Овариз

0

Овариз (саҳеҳаш а в а р и з), андози фавқулоддаест, ки аз деҳқонон ва косибон барои хароҳоти ҷанг ва ҷашнҳои дарбори шоҳ ситонида мешуд. Овариз дар Мовароуннаҳру Хуросон ҳанӯз то истилои муғул вуҷуд дошта, дар давраи ҳукмронии муғулҳо хеле авҷ гирифт. Дар замони давлатдории Темур ва Темуриён низ Овариз ситонида …

Муфассал »

Деҳаи Обҷувоз

Обҷувоз, деҳаест дар Совети қишлоқи Правдаи райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози токпарварӣ. Аз Обҷувоз то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 6 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 725 -нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна ва нонвойхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз …

Муфассал »

Обҷувоз

0

Обҷувоз, дастгоҳи шоликӯбие, ки ба воситаи об ҳаракат мекунад. Обҷувоз аз тир (дарозиаш 5 метр, диаметраш 30—35 сантиметр), парра, лингкӯб, дӯл ва нова иборат. аст. Нова аз 3 тахтаи пайвасти 5—6 метра иборат буда, як тарафи он ба баландӣ, ба роҳи об, тарафи дигараш ба парра, ки аз но­ва поёнтар …

Муфассал »

Обҳои ювенилӣ

0

Обҳои ювенилӣ (аз лотинӣ juve­nilis— ҷавон), обҳоеро гӯянд, ки бори нахуст аз қаъри Замин ба гидросфераи зеризаминӣ дохил ме­шаванд. Ин истилоҳро соли 1902 геоло­ги австриягӣ Э. Зюсс пешниҳод кар­дааст. Обҳои ювенилӣ ба қишри Замин дохил шуда, бо обҳои дигар омехта мегарданд. Дар табиат обҳои соф ювенилӣ вонамехӯранд, зеро онҳо ҳангоми …

Муфассал »

Обҳои территориявӣ

0

Обҳои территориявӣ, б а ҳ р и территориявӣ, минтақаи баҳрие, ки ба соҳил ё обҳои дохилии давлате пайваст буда, қисми территорияи давлатро ташкил медиҳад. Обҳои территориявӣ, сатҳ, қаъри онҳо ва фазой ҳавоии ин обҳо ба доираи истиқлолияти давла­ти наздисоҳилӣ дохил мешаванд. Ре­жими Обҳои территориявиро Конвенсияи байналхалқӣ оид ба баҳрҳои территориявӣ …

Муфассал »

Обҳои термалӣ

0

Обҳои термалӣ (аз юнонӣ ther- me — гармӣ), обҳои зеризаминии қишри Замин, ки ҳарораташон 20° Селсия ва аз он баланд аст. Изотермаи 20° Селсия (ҳудуде, ки дар он ҳарорати ҳаво, замин ва об баробар аст) дар ноҳияҳои яхбандии бисёрсола аз чуқуриҳои 1500—2000 метр, дар ноҳияҳои субтропикӣ аз чуқуриҳои 100 метр …

Муфассал »

Обҳои минерали

0

Обҳои минерали, обҳои зеризаминӣ (гоҳо рӯизаминӣ)-ро гӯянд.ки дар таркиби худ ба миқдори зиёд баъзе элементҳои химиявӣ (йод, бром, ба­рий, литий, стронций, оҳан, фтор в а ғайра), газ ва пайвастҳои гуногун (га­зи карбон, гидрогенсулфид, радон, метан) доранд. Минералнокии Обҳои минералиро миқдори моддаҳои ҳалшаванда (ба ҳисоби грамм дар 1 литр об) муайян …

Муфассал »

Обҳои зеризаминӣ

0

Обҳои зеризаминӣ, обҳои қисми болоии қишри Замин (то чуқуриҳои 12—16 километр)-ро гӯянд, ки дар ҳолати моеъ, сахт (ях) ва бур вомехӯранд. Обҳои 3еризаминӣ бо вазни худ ҳаракаткунандаро Обҳои зеризаминии озод ё гравитасион, дар рӯи зарраҳои ҷинсҳо чун парда ё бур ҷо гирифтаро Обҳои зеризаминии пайваст (сорбсияшуда), дар сӯрохиҳои хурди ҷинсҳо …

Муфассал »