Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 19 (страница 3)

Архивы за день : 19.07.2017

Обручев

0

Обручев, (гора,пик) қуллаест дар қисми марказии қаторкӯҳи Паси Олой (РСС Қирғизистон). Дар яке аз шохаҳои шимолии қаторкӯҳ, шимоли шарқтар аз қуллаи Ленин воқеъ аст. Баландиаш 5455 метр. Нишебиҳои қулларо барфу яхҳо пӯшидаанд, ки аз онҳо шохобҳои хурди дарёи Қизилагии (ҳавзаи дарёи Қизил- ‘ су) ибтидо мегиранд. Соли 1956 қуллаи Обручевро …

Муфассал »

Обручев Владимир Афанасевич

0

Обручев Владимир Афанасевич (10.10.1863, деҳаи Клепенино, ҳозира вилояти Калинини РСФСР — 19. в. 1956, Москва), геолог ва географи советӣ, академики Академияи Фанҳои COСP (1929; аъзо- корреспондент 1921), Қаҳрамони Меҳнати Со­сиалистӣ (1945). Президенти фахрии Ҷамъияти географии СССР (аз 1947). Соли 1886 Институти кӯқкории Петербургро хатм кардааст. Профессори Институти технологии Томск (1901—12), …

Муфассал »

Оброк

0

Оброк, андозест, ки деққонони крепостной ба феодалон дар намуди маҳсулот ё пул медоданд; як навъи рентаи феодалии замин. Оброки молӣ аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ: ғалла, шароб, сабзавот, инчунин маснуоти ҳунармандӣ ва Оброки пулӣ бошад аз даромаде, ки деҳқонон баъди фурӯхтани ҳосил ба даст меоваранд, супорида мешуд. Дар давраи тараққиёти феодализм …

Муфассал »

Обреймов Иван Василевич

0

Обреймов Иван Васильевич (таваллуд 8. 3. 1894, Аннеси, Франсия), физики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССРУ(1958; аъзо корреспондент1933) Университети Петроградро хатм кардааст (1915). Солҳои 1919—24 ва 1942—44 дар Ин­ститути давлатии опти­ка, 1924—29 дар Институти физика ва техникаи Ленин­град, 1929—41′ дар Институти физика ва техникаи Украина, 1944—54 дар Институ химияи органикии Академияи …

Муфассал »

Обрез

0

Обрез, 1) чоқ ё чуқуриест, ки обҳои истифодашудаи хонаро мере­занд. Обрез дар даҳлез сохта мешавад. 2) Қисми баромадаи девори сангӣ ё хиштини дар биноҳои калон.

Муфассал »

Обраҳа

0

Обраҳа, иншооти обгуза­рон, иншооти гидротехникист барои то ҷои истеъмол бурдани об. Обраҳа аз дарё, обанбор, кӯл 6 ҳавзҳо ибтидо меёбад. Обраҳаҳои энергетикӣ (барои ба гидроэлектростансияҳо додани об), заминро обёрикунанда ва обтаъминкунандаи маҳал мавҷуданд. Обраҳаро дар намуди ҷӯйборҳои сунъии пӯшида (трубопроводҳо ва туннелҳое, ки аз таги замин гузаронда мешаванд) ё кушода …

Муфассал »

Образҳои ҷовид

«Образҳои ҷовид», образҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон, ки қувваи бузурги ҷамъбастӣ дошта, дар ҳеҷ давра аҳамияти бадеии худро гум намекунанд. Чунончи, образҳои Лайлию Маҷнун (аз достони Низомӣ ва дигар шоирони форс-тоҷик) ба рамзи ишқу вафо табдил ёфтаанд. Ё образи Рустам (аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) рамзи мардию қаҳрамонист, ки дар ҳамаи давраҳо ба …

Муфассал »

Образсов Сергей Владимирович

0

Образсов Сергей Владимирович (таваллуд 5.7.1901, Москва), арбоби те- атри советии рус, актёр ва режис­сёр. Артисти Халқии СССР (1954), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалиста (1971). Солҳои 1918—26 дар факултети рассомии Корхонаҳои олии рассомӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1922—30 артисти Студияи мусиқии МХАТ ва солҳои 1930—36 студияи 2-юми МХАТ. Дар миёнаи солҳои 30 чун артисти эстрада …

Муфассал »

Образсов Иван Филиппович

0

Образсов Иван Филиппович (таваллуд 28.7.1920, деҳаи Бики, ҳозира райони Максатихаи вилояти Калинин), олими советӣ дар соҳаи механикаи сохт- мон ва назарияи мустаҳкамии аппаратҳои париш, академики Академияи Фанҳои СССР 1974; аъзо-корреспондент 1966). Аъзои КПСС аз соли 1944. Баъди хатми Институти авиасионии Москва ба номи С. Орҷоникидзе (соли 1944) дар ҳамон ҷо …

Муфассал »

Образсов Владимир Николаевич

0

Образсов Владимир Николаевич (18.6.1874, Николаев — 28.11.1949, Москва), олими советӣ дар соҳаи нақлиёт, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Соли 1897 Институти инженерони роҳҳои нақлиёти Петербургро хатм карда, аз соли 1901 дар Омӯзишгоҳи инженерии Москва дарс гуфтааст; солҳои 1919—22 профессори Институти инженерони граждании Москва, 1923—1949 профессори Институти инженерони нақлиёти роҳи оҳани …

Муфассал »