Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Образсов Иван Филиппович

Образсов Иван Филиппович

Образсов Иван Филиппович (таваллуд 28.7.1920, деҳаи Бики, ҳозира райони Максатихаи вилояти Калинин), олими советӣ дар соҳаи механикаи сохт- мон ва назарияи мустаҳкамии аппаратҳои париш, академики Академияи Фанҳои СССР 1974; аъзо-корреспондент 1966). Аъзои КПСС аз соли 1944.

Баъди хатми Институти авиасионии Москва ба номи С. Орҷоникидзе (соли 1944) дар ҳамон ҷо муаллим буд (аз соли 1957 профессор, солҳои 1958—72 ректор). Аз соли 1972 вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси РСФСР.

Асарҳои Образсов ба назария ва усулҳои умумии хисобу китоби системаҳои фазоии тунукдевор, хусусан конструксияҳои рӯйпӯш, аз қабили қанот фюзеляж ва корпуси аппаратҳои париш, инчунин ба усулҳои хисобу китоби конструксияҳои оптималии боэътимод ва пурдоштиашон матлуб (дар сурати гуногун будани қувваҳои таъ- сиркунандаи беруна ва режимҳои истифодабарӣ) оиданд.

Дар съезди 26-и КПСС номзад ба аъзогии КМ КПСС интихоб шудааст. Образсов депутати Совети Олии РСФСР даъватҳои 7— 10). Район ҷамъияти «Дониш»-и РСФСР (аз соли 1968). Лауреати Му­кофоти давлатии СССР (1976). Бо ордени Ленин ва дигар ордену ме- далҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …