Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 19 (страница 2)

Архивы за день : 19.07.2017

Обуна

0

Обуна, пешакӣ ғун кардани заказҳо ба асарҳои чопшуда — матбуоти даврӣ (газета, журналҳо), нашри китобҳои бисёрҷилда ва ғайра. Обуна ба­рои дуруст муайян кардани адади нашр имкон медиҳад. Дар СССР Обуна ба газета, журналҳо дар шуъбаҳои алоқаи почта, корхона, муассисаҳо ва ғайра ба китобҳои нашрӣ дар магазинҳои китоб гузаронида меша­вад.

Муфассал »

Обу ҳаво

0

Обу ҳаво, ҳолати атмосфераи ягон мавзеъ дар лаҳзаи муайян ё дар ягон фосилаи вақт (шаборӯз, моҳ, сол). Режими бисёрсолаи Обу ҳаворо иқлим меноманд. Обу ҳаво бо унсурҳои метеорологӣ: фишор, ҳарорат, намии ҳаво, қувва ва самти шамол, абрнокӣ (давомати фаҷри офтобӣ), боришоти атмосферӣ, дурна- моӣ, зуҳуроти туман, буроӣ, раъду барқ ва …

Муфассал »

Обтақсимкунак

0

Обтақсимкунак 1) иншоотест барои тақсим кардани оби канали калон байни каналҳои хурде, ки он аз оҳану бетон, баъзан аз хишт, санг сохта мешавад. Барои танзими гузариши об аз канали калон ба хурд даҳанаи Обтақсимкунакро бо ғалақа мепӯшонанд (нигаред Шабакаи обёрӣ); 2) дар география, нигаред Бахшгоҳ.

Муфассал »

Обтарозу

0

Обтарозу, асбобест барои тафтиши уфуқии хатҳою сатҳҳо ва чен кардани кунҷҳои хурд. Қисми асо­сии Обтарозу ампулаи шишагиест, ки аз спирт ё эфир пур шудааст ва ҳубобчаи газ дорад. Обтарозу ҷузъи муҳимми асбобу афзори геодезӣ, астрономӣ, фи­зикӣ ва ғайра мебошад ва барои нивелиронӣ, муайян кардани кунҷҳои тамоюли меҳварҳои уфуқӣ, ба ҳи­соб …

Муфассал »

Обсофкунак

000

Обсофкунак (Gyrinidae), оилаи ҳашаротҳое, ки ба қатори гамбускҳо мансуб аст. Танаш тираи ҷилонок (дарозиаш то 8 миллиметр), сараш кӯтоҳи васеъ, чашмаш ба воситаи девора ба ду ҳисса ҷудо шудааст. Пойҳои пешаш дароз буда, вазифаи доштанро иҷро мекунад; пойҳои мобайнию ақибаш бошанд, барои шино кардан мувофиқ шудаанд. Дар обанборҳои ором дар …

Муфассал »

Обсидиан

0

Обсидиан (лотинӣ Obsidianus la­pis — санги Обсидии; гӯё ин сангро дар Эфиопия бори аввал Обсидии ном шахс кашф кардааст), шишаи вулқонӣ, ҷинси кӯҳии шишамонанд. Рангаш сиёҳ, сиёҳи сурхтоб ва ғайра. Сахтиаш 5; зичиаш 2500—2600 килограмм/метр3, қариб 0,5%* об дорад. Дар натиҷаи шах шуда мондани лаваи часпаки липаритии турш ё липаритдаситӣ …

Муфассал »

Обсервасия

0

Обсервасия (аз лотинӣ obsemtio—назорат кардан), тадбирест, ки ҳангоми муҳофизати санитарии сарҳад гузаронида мешавад. Барои ин  ҳамаи одамоне, ки ба маҳалҳо ва мамлакатҳои хориҷа равуо доштанду дар он ҷойҳо эҳтимоли касалиҳои вабо, нағзак, тоун, вараҷа ва ғайра вуҷуд дорад, дар муддати муайян дар хонаҳои махсус зери назорат нигоҳ дошта мешаванд. Давомнокии …

Муфассал »

Обсанҷ

0

Обсанҷ, (водомер) пункти о б с а н ҷ ӣ, асбобест барои муттасил чен карда­ни сатҳи оби дарё, баҳр, кӯл, ка­нал ва ғайра. Аз асбоб барои ҳисобу китоб кардани сатҳи об ва реперҳо (иншооти геодезиест, ки мавқеи нуқтаи баландиаш муайянро маҳкам медорад) иборат аст. Обсанҷи д а р  ё ӣ …

Муфассал »

Обсабзҳо

01

Обсабзҳо (Algae), гурӯҳи растаниҳои дараҷаи пасти автотрофии обист. Обсабзҳо хлорофилл ва пигментҳои дигар доранд ва ҳангоми фотосин­тез моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. Онҳо гулу мева надоранд. Спораҳояшон одатан бо пардаи сахт иҳота нашудаанд. Сохти танаи обсабзҳо нисбат ба танаи ушнаҳо, сархасҳо ва растаниҳои дигаре, ки дар хушкӣ месабзанд, содда аст. Ҳуҷайраҳои …

Муфассал »

Обрӯ

0

Обрӯ, нуфуз, эътибор, ҳукм, дар соҳахои гуногуни ҳаёти ҷамъият аз тарафи умум эътироф шудани нуфузи шахс ё ташкилот; иродаи тағйири таърихии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба нормаҳои мавҷуда тобеъ гардондани ахлоқи одамон. Обрӯ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятию истеҳсолӣ зоҳир гашта, бо тағйири ин соҳаҳо доираи татбиқи он дигар мешавад. Дар …

Муфассал »