Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 14 (страница 6)

Архивы за день : 14.07.2017

Нурато

0

Нурато, қаторкӯҳест дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд ва Навоии РСС Ӯзбекистон, ки онро аз Нурато водии Зарафшон, аз Ҷануби водии Сангзор ва аз Шимоли биёбони Қизилқум иҳота кардаанд. Нурато шохаи шимолии ғарбии қаторкӯҳи Туркистон буда, аз ду қаторкӯҳи ба ҳам мутавозӣ — Нуратои Шимолӣ ва Нуратои Ҷанубӣ иборагг аст. Тӯлаш 170 …

Муфассал »

Нуралӣ

Нуралӣ, қаҳрамони эпоси «Гӯрӯғлӣ», набераи Гӯрӯғлӣ, писари Аваз, модараш Қарақӯзи  баҳодур. Дар бораи таваллуд ва корномаҳои ӯ дар репертуари гурӯғлихонони тоҷик достонҳои зиёд вуҷуд до­ранд. Аз тифлӣ осори паҳлавонӣ дар симояш зоҳир мешавад. Дар яксолагӣ ғайраташ ба кӯдаки ҳафтсола баробар будааст. Нуралӣ ҷавони зебо, чобук, зираку зуровар буда, дар паҳлавонӣ …

Муфассал »

Нуралиев Юсуф Нуралиевич

0

Нуралиев Юсуф Нуралиевич (таваллудаш 05. 10. 1936, деҳаи Нулванди райони Калъаихумн ВАБК), фармако­логи советӣ, доктори илмҳои тиб (1973). Соли 1961 факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1961—1962 ордина­тор, 1963—1966 ас­пирант, 1967—1968 ассистенти кафедраи фармакологияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, 1969—1972 докторанти Институти давлатии тибби санитарию гигиении Ленинград, аз …

Муфассал »

Нуралиев Тошбек

Нуралиев Тошбек (таваллудаш июли 1913, деҳаи Чинор, райони Пахтаобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Солҳои 1940—1941 мудири магазин, 1946—48 колхозчӣ, сардори звено, 1949—1954 сардори бригадаи пахтакории колхози «Якуми Май»-и райони Ҳисор, 1954—1956 мироби район, 1956—1959 ҳисобчии фермаи колхози ба номи Карл Маркс, 1959 —1964 кассири …

Муфассал »

Нур

0

                    Нур, мавҷҳои электромагнитии дарозиҳояшон аз 400 то 750 нм-ро гӯянд, ки чашми инсон дарк мекунад.

Муфассал »

Халқи Нупе

0

Нупе (худ н у п еси зи гӯянд), халқест маскуни Нигерия (асосан дар штатҳои шимолӣ— шарқӣ ва Квара). Тақрибан 1,7 млн. нафар (1975). Забо­ни Нупе ба забонҳои ква мансуб аст. Диндорон мусулмонанд; баъзе унсурҳои дину оинҳои анъанавӣ низ боқӣ мондаанд. Нупе аз ҷиҳати маданият ба халқҳои гбари ва игбира қаробат …

Муфассал »

Нунг

0

Нунг, нун (худ б у н у н гӯянд), халқиятест, ки асосан дар шимоли РСВ (зиёда аз 535 ҳазор, 1978) ва РХХ (дар РХХ онҳоро гурӯҳи этнографии чжуанҳо меҳисобанд) маскунанд. За­бони Нунг ба забони тойӣ мансуб аст. Дар байни Нунг дину оинҳои қадимии анимистӣ боқӣ мондааст. Машғулияти асосиашон деҳқонӣ, чорводорӣ …

Муфассал »

Ҳарфи Нун

0

Нун с) номи ҳарфи 25-уми алифбои арабӣ ва 29-уми алифбои арабиасоси тоҷикист. Овозе, ки ин ҳарф ифода мекард, дар алифбои лотиниасоси тоҷики (то соли 1940) бо ҳарфи Н ва аз соли 1940 дар таркиби алиф­бои русиасоси тоҷикӣ бо ҳарфи Н ифода меёбад. Ин ҳарф аз «Нун»-и финиқӣ пайдо шудааст. Дар …

Муфассал »

Нумизматика

0

Нумизматика (аз лот. numisma, юн. nomisma — танга), фанни ёрирасони таърих аст, ки таърихи тасвироти тангаҳо, катибаҳо, вазн, аз кадом филиз сохта шудан ва аҳамияти онро дар муомилоти пулӣ ва ғайра меомӯзад. Нумезматика ба ҳалли масъалаҳои хронология ва ҳаёти сиёсӣ, маданияти моддӣ, таърихи ҳаёти иқтисодӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ имконият …

Муфассал »

Нумератсия

0

Нумератсия (лот. numeratio, аз numero — мешуморам), 1) маҷмӯи усулҳои номгузорӣ ва бо рақамҳо ифода намудани ададҳо. Принсипи нисбатан мукаммали Нератсияи ададҳо принсипи позитсионӣ мебошад, ки мувофиқи он ҳамон як адад (рақам) вобаста ба мавқеи худ қиматҳои гуногунро нишон медиҳад. Ин гуна системаи ҳисоб (системаи Нумератсия) ба он асос карда …

Муфассал »