Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нуралиев Юсуф Нуралиевич

Нуралиев Юсуф Нуралиевич

Нуралиев Юсуф Нуралиевич (таваллудаш 05. 10. 1936, деҳаи Нулванди райони Калъаихумн ВАБК), фармако­логи советӣ, доктори илмҳои тиб (1973). Соли 1961 факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1961—1962 ордина­тор, 1963—1966 ас­пирант, 1967—1968 ассистенти кафедраи фармакологияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, 1969—1972 докторанти Институти давлатии тибби санитарию гигиении Ленинград, аз соли 1973 мудири шӯъбаи патофизиология ва фармакотерапияи таҷрибавии Институти гастроэнтерологияи АФ РСС Тоҷикистон.

Нуралиев муаллифи бештар аз 160 асару мақолаҳои илмист. Таълифоти ӯ асосан ба омӯхтани хосияти муолиҷавии растаниҳои доруии Тоҷикистон, мумиё ва хосияти муолиҷавии он, ҷустуҷӯи доруҳо (барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, меъда, диабети канд ва ғайра) ва инчунин таърихи тибби форсу тоҷик оиданд. Зиёда аз 70 мақолаҳои Нуралиев ҳаёт ва осори тиббии Ибни Синоро дар бар мегирад.

Ад.: Мумиё и его лечебные свойства, Д., 1976 (хамрохи П. П. Денисенко); Медицина впохи Авиценны, Д., 1980; Ме­дицинские трактаты Авиценны, Д., 1982.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …