Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 14 (страница 5)

Архивы за день : 14.07.2017

Нуриҳои калийдор

0

Нуриҳои калийдор, моддаҳои минералии калийдорро гӯянд. Аксари Нуриҳои калийдор дар об ҳал мешаванд. Манбаи асосии Нуриҳои калийдор конҳои табиии намакҳои калий мебошанд. Ҳоло хло­рид, сулфат ва нитрати калий ва дигар Нуриҳои калийро дар саноат низ ҳосил мекунанд. Дар СССР саноати Нуриҳои калийдор соли 1929 баъди кашфи конҳои намаки Урали Шимолӣ …

Муфассал »

Нуриҳои бордор

0

Нуриҳои бордор, гурӯҳи паивастҳои химиявисот, ки дар таркиби худ элементи бор доранд. Нигаред Микронуриҳо.

Муфассал »

Нуриҳои бактериявӣ

0

Нуриҳои бактериявӣ, препа­ратҳест, ки дар таркибашон микро- организмҳои барои зироат аҳамиятнок доранд. Нуриҳои бактериявӣ просессҳои биохимиявии хокро тезонда, просесси бо реша ғизогирии растаниҳоро беҳтар мекунанд. Дар СССР асосан Нуриҳои бактериявии азотобактерин, нитрагин ва фосфо- робактеринро истифода мебаранд. Нитрагин — нуриест барои зироати лӯбиёиҳо. Нитрагинро аз бактерияҳои азотандӯз барои ҳар як …

Муфассал »

Нуристониҳо

0

Нуристониҳо, аҳолии асосии ноҳияи кӯҳистонии Нуристон, шимоли шарқии Афғонистон. Як қисми Нуристониҳо дар музофоти Читрол ва Дари Покистон низ зиндагӣ мекунанд. Шумораашон қариб 125 ҳазор нафар (1978). Аз қабилаҳои катӣ, вайгали, ашгунӣ, празун, вама ва ғайра иборатанд. Нуристониҳо бо яке аз забонҳои гурӯҳи ҳиндуэронӣ гап мезананд. Амир Абдурраҳмон охири асри …

Муфассал »

Нурии Табрезӣ

Нурии Табрезӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Бино ба қавли Саид Нафисӣ (дар «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ ғазалсаро буда, ғазал бисёр гуфтааст. Аз рӯи ишораи Соммирзои Са­фавӣ (дар «Тӯҳфан Сомӣ») Нурии Табрезӣ «қасида бисёр гуфта, хеҷ касро дар шеър қабул …

Муфассал »

Нурии Исфаҳонӣ

0

Нурии Исфаҳонӣ Қозӣ Нуруддин Муҳаммад (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1591), шоири форс-тоҷик. Нурии Исфаҳонӣ аз мардуми Андмони Исфаҳон буда, дар ҷавонӣ дар Исфаҳон илм омӯхтааст ва баъд ба Қазвин рафта, касби камол кардааст. Дар он ҷо муддате ба Хоҷа Афзалуддини Тарака ва Мир Фахруддини Самокӣ — донишмандони замонаш шогирдӣ …

Муфассал »

Нуриддинов Сироҷиддин

Нуриддинов Сироҷиддин (таваллудаш 1919, Самарқанд), усто, кандакор, наққош ва рассоми тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон  (1967). Пас аз хатмни омӯзишгоҳи педагогӣ чанд муддат муаллимӣ кард. Аз соли 1952 ин ҷониб бо Хонаи республикавии эҷодиёти халқ (Душан­бе) ҳамкорӣ дорад. Санъати кандакориро мустақилола, аз рӯи эҷоди устоҳои халқии Тоҷикистон (Ю. Баротбеков …

Муфассал »

Нуриандозӣ

0

Нуриандозӣ, ба хок андохтани нуриро гӯянд, ки миқдор, вакт ва усулҳои истифодаи онро дар асоси харитаи хок ва картограммои агрохимиявӣ муайян мекунанд. Нуриандозии пеш аз кишт ғизогирии растаниро дар тамоми давраи нашв (вегетация), Нуриандозӣ ҳангоми кишт (қаторӣ ва чоркунҷа) сабзиш ва инкишоф, Нуриандозӣ баъди кишт (ғизодиҳии растанӣ) бошад, гизогирин растаниро …

Муфассал »

Деҳаи Нури Вахш

Нури Вахш, деҳаест дар Совети қишлоқ Нури Вахши райони Ҷиликӯл, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи Э. Сатторов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 35 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1200 нафар (1981), ӯз­бекҳо. Мактаби миёна ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи …

Муфассал »

Шаҳри Нурато

0

Нурато, шаҳрест дар вилояти Навоии РСС Ӯзбекистон, маркази райони Нурато. 85 км шимолу, шарқтар аз стансияи роҳи оҳан Навоӣ ва 256 км шимолу ғарбтар аз шаҳри Са­марқанд, дар доманаи кӯҳи Оқтор (шо­хаи кӯли Нурато) воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 14 ҳазор нафар (1975). Дар наздикии шаҳр комбинати мармари Розгон ва комбинати саноати …

Муфассал »