Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 14 (страница 3)

Архивы за день : 14.07.2017

Нуруддини Ибни Абдураҳмон

0

Нуруддини Ибни Абдураҳмон Ибин Абдулқодири Гӯянда (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, навозанда ва бастакори асри 15 форс-тоҷик. Писари Абдулқодири Гӯянда (Мароғӣ). Дар Исфаҳон таваллуд ёфта, дар Истамбул вафот кардааст. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Дар санъати сарояндагй, навозандагй ва назарияи мусиқи истеъдоди фавқулодда дошта, асарҳои зиёде эҷод кардааст. Падараш асари …

Муфассал »

Нурова Илич

Нурова Илич (таваллудаш 17. 08. 1925, де­ҳаи Курговати pайони Қалъаихум), нонпаз, пешқадами истеҳсолот, яке аз ташаббускорони мусобиқаи сотси­алистӣ ва ҳаракати меҳнати комму­нистӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1971). Аъзоя КПСС аз соли 1960. Солҳои 1946—1958 фаррош, нонпази заводи нонпазии рақами 1-и Душанбе, 1958—1978 нонпаз ва аз соли 1978 сардо­ри бригадаи сехи нонпазии …

Муфассал »

Нурова Зайнаб

Нурова Зайнаб (таваллудаш 15. 09. 1915, Конибодом, вилояти Ленинобод), говҷӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалис­тӣ (1971). Солҳои 1930—1941 колхозчӣ, 1941—1945 сардори звено, 1945—1951 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1951— 75 говҷӯши колхози ба номи В. И. Ленини pайони Қӯрғонтеппа ва аз соли 1975 нафақахӯри шахсӣ. Дар инкишофи чорводории колхозӣ саҳми арзанда гузоштааст. Бо ордени …

Муфассал »

Нуров Пирак

Нуров Пирак (таваллуд 1929, деҳаи Хонободи pайони Кӯлоб) пахтакор, Қадрамони Меҳнати Сотсиалист (1948). Аъзои КПСС аз соли1951. Фаъолияти меҳнатии Нуров аз соли 1942 cap шудааст. Ӯ колхозчӣ, сардори звено ва бригадир буд. Дар дигар вазифаҳои масъулн партиявию давлатӣ низ кор кардааст. Звенои Нуров соли 1948 ҳосили фаровони пахта рӯёнидааст. Бо …

Муфассал »

Нуров Лочин

Нуров Лочин (таваллуд 1934, деҳаии Пилдони райони Ҷиргатол), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1972). Аъзои КПСС аз соли 1963. Солҳои 1950—52 колхозчӣ, 1952—53 талабаи мактаби  механи­заторӣ, 1953—54 тракторчӣ, 1954— 55 дар сафи Армияи Советӣ, 1958— 62 бригадир-механик ва сардори бригадаи механи­конидашудаи комплексӣ ва аз соли 1965 сардори бригадаи пахтакории колхози ба …

Муфассал »

Деҳаи Нуробод

0

Нуробод, деҳаест дар Совети қишлоқ Мирзо Ризои pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози «Москва». Аз Нуробод то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район ва стансияи роҳи оҳан. Хонақоҳ 20 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 385 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ …

Муфассал »

Нуриҷаҳонбегим Меҳруннисо

Нуриҷаҳонбегим Меҳруннисо (1577, Қандадор — 1645, Лоҳур), шоираи форсизабони Ҳиндустон. Бо тахаллусҳои «Нур ва «Махфӣ» шеър гуфтааст. Дар оилаи яке аз амалдорони Акбар Мирзо Ғиёсуддин ба дунё омадааст. Зани фозилу донишманд ва сиёсатмадоре будааст. Ҳангоми ҳукмронии Акбар ба ҳокими Бангола — Шерафканхон ба шавҳар дода шуд, лекин Ҷаҳонгир пас аз …

Муфассал »

Нуриҳои фосфордор

0

Нуриҳои фосфордор, модда­ҳои минералиеро гӯянд, ки чун манбаи ғизои растани истифода меша­ванд. Нуриҳои фосфордорро асосан дар саноат аз апатит ва фосфоритҳо истеҳсол ме­кунанд. Моддаҳои органикӣ (орди устухон, пору, фосфатдажғол ва ғайра)- ро низ чун Нуриҳои фосфордор истифода мебаранд. Нуриҳои фосфордор яке аз аввалин нуриҳои мине­ралӣ, ки дар саноат ҳосил кардаанд. …

Муфассал »

Нуриҳои сулфурдор

0

Нуриҳои сулфурдор, пайвастҳои сулфурдорест, ки чун нурӣ ис­тифода мешаванд. Масалан, сулфатҳои калий, магний, фосфор, гипс ва дигар ҷинсҳои сулфурдор. Нуриҳои сулфурдор махсусан барои зироати лубиёиҳо, мураккабгулҳо, чилликгулҳо, ки одатан ба сулфур эҳтиёҷи зиёд доранд, истифода бурда мешавад. Нуриҳои сулфурдор ишқори хокро кам карда, ҳалшавии фосфатҳоро метезонанд. Нуриҳои сулфурдорро ба хок …

Муфассал »

Нуриҳои сабз

0

Нуриҳои сабз, растаниҳое, ки заминашро барои ҳосилхезӣ надаравида шудгор мекунанд. Нуриҳои сабз хокро аз моддаҳои органикию нитроген бой ва хусусиятҳои физикии онро беҳтар мегардонанд. Ба шудгор тез об мондан просесси вайроншавӣ ва самаранокии Нуриҳои сабзро метезонад. Ба сифати нурии сабз мош, нахуди тирамоҳӣ, лӯбиё, шабдар, лупин  ва дигар зироатҳои лубиёиро …

Муфассал »