Маълумоти охирин

Архивы за день : 11.07.2017

Нормаи кишт

0

Нормаи кишт, меъёри муайяни кишти тухмист ба 1 га. Нормаи кишт ба навъи зироат, ҳосилхезии замин, тухмӣ, мӯҳлат, усулҳои кишт ва ғайра вобаста аст. Нормаи кишти як намуди зироат низ гу­ногун шуданаш мумкин. Macолан, Нормаи кишти зироати силосбоб назар ба зироати ғалла зиёд аст. Нормаи кишт барои ноҳияҳои шимоли СССР …

Муфассал »

Нормаи истеъмол

0

Нормаи истеъмол, нишондиҳандаи иқтисодиест, ки истеъмол ва таъминоти аҳолиро аз неъматҳои моддӣ ва хизматрасонии маишӣ тавсиф мекунад. Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ Нормаи забон дар вақти тартиб додани планҳои тараққиёти хоҷагии халқ, баландшавии некӯаҳволии меҳнаткашон ва дар давраи таҳлили иқтисодию статистикии ин планҳо истифода мешавад. Нормаи п л а н и р …

Муфассал »

Нормаи забон

0

Нормаи забон, маҷмӯи қоидаҳои таърихан шаклгирифтаи воситаҳои умумиистеъмоли забон, инчунин қоидаҳои интихоб ва истифодаи ин воситаҳо мебошад, ки аъзоёни ҷамъият дар давраи муайяни таърихӣ қабул намуда, эътироф кардаанд. Доираи Нормаи забон басо фарох буда, тарзи талаффуз, имло, гуфтор, услуб, баён, қонуну қоидаҳои грамматикӣ, луғат ва ғайраpo фаро мегирад. Забони ба …

Муфассал »

Меъёри арзиши изофа

0

Меъёри арзиши изофа –  ин муносибати арзиши изофа ба капитали Тағйирёбанда    ки бо фоиз ифода ёфтааст. Нишондиҳандаи “Меъёри арзиши изофа” дараҷаи аз тарафи капи­талистон истисмор шудани синфи коргарро иникос менамояд.

Муфассал »

Норма

0

Норма (аз лот. norma — қоида, намуна), 1. Миқдори минималӣ ё андозаи чизест, ки онро қоида ё плап пешбинӣ мекунад (масалан, нормаи вақт, нормаи кишт). 2. Қоида ва нуқтаи назаре, ки дар муҳити муайяни иҷтимоӣ аз тарафи умум эътироф гардидааст; қоидаи рафтори одамон дар ҷамъият, ки дар қонун зикр шудаанд …

Муфассал »

Норит

Норит

Норит (норв. norit, аз Norge — Норвегия), ҷинси кӯҳии кристаллии дона-дона аз гурӯҳи габбро. Норит аз габбро бо ҳамин фарқ мекунад, ки дар таркибаш ба ғайр аз минералҳои хоси габбро боз минералҳои сиёҳ тоб—пироксени ромбӣ (одатан бронзит, баъзан энсгатит ва гиперстен) дорад. Агар  дар таркибаш ду хел пироксен (ромбӣ ва …

Муфассал »

Норинтов

0

Норинтов, қаторкӯҳи Тиёншони Дохилӣ дар Қирғизистон. Аз соҳили чапи дарёи Норин ба масофаи 130 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 4530 м. Аз оҳаксанг, варақсангҳои метаморфӣ ва гранитҳо таркиб ёфтааст. Нишебиҳои шимолиаш рост ба водии Норинтов мефарояд ва сершаху серсанг аст. Дар нишебиҳои ҷанубиаш алафҳои кӯҳӣ мерӯянд.

Муфассал »

Норин

0

Норин, як навъ таоми миллист. Дар дег гӯшти намакхӯрдаи гов ё гӯсфандро пухта онро пора мекунанд. Баъд дар оби он туппаи ба шакли 10 X 10 ё 10 X 5 см буридашударо яклухт пухта бо чӯби мах­сус мебардоранд ва ба рӯи табақи равғанмолида паҳн мекунанд. Баъди шах шудан онро хурд-хурд …

Муфассал »

Норин

0

Норин, вилоятест дар ҳайати РСС Қиғизистон. 11 декабри 1970 ташкил шудааст (солҳои 1939—1962 вилояти Тиёншон ном дошт). Дар Ҷанубу Шимол ва Ҷануб бо Хитой ҳамсарҳад. Масоҳаташ— 50,2 ҳазор км2. Аҳолиаш —228 ҳазор нафар (1979). Ба 6 район тақсим шуда, 1 шаҳр ва 2 птш дорад. Марказаш — шаҳри Норин. Табиат. …

Муфассал »

Шаҳри Норин

0

Норин, шаҳр, марказӣ вилояти Нори­ни РСС Қирғизистон. Дар соҳили дарёи Нории, 180 км ҷанубтар аз стансияи роҳи оҳан  Рибаче воқеъ аст. Узели роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 26 ҳазор нафар (1974). Шаҳр корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (аз ҷумла комбинати гӯшт), заводи механи­кӣ, фабрикаи дӯзандагӣ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва тиббӣ, театри мусиқию драма дорад. Норин …

Муфассал »