Нит, (аз лотинӣ niteo — медурахшам), истилоҳи кӯҳна ва аз истифода баромадаи воҳиди дурахшонӣ дар Системаи воҳидҳои байналхалқӣ (Си)—кандела ба м*. Нигаред Кандела.
Муфассал »Архивы за день : 05.06.2017
Нисён
Нисён (ар. с)! -5 — фаромӯшӣ), фаромӯшхотирӣ, суст ё нест шудани қобилияти қабули ҳофиза ва нигоҳ доштану ба ёдовардани хотирот. Нисён се хел мешавад: диемнезия (суст шудани хотира), амнезия (нест шудани хотира) ва парамнезия (фиреби хотира). Ҳангоми диемнезия хотира суст мешавад; кас ахбори ҷорӣ (хусусан ном, рақам ва ғайра)-ро дар …
Муфассал »Нисорӣ
Нисорӣ (тахаллус, номаш Баҳоуддпн Хоҷаҳасан ё Ҳасанхоҷа; 1516, Бухоро —1597, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Аз оилаи Сайид Подшодхоҷаи адиб. Нисорӣ дар оила савод бароварда, дар муҳити илмию адабии Бухоро ба камол расидааст. Чанд муддат дар Балх, Қазвин, Машҳад, Ҳирот ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёнаю Хуросон таҳсил карда, аксар …
Муфассал »Нисории Тунӣ
Нисории Тунӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1560, Тун), шоири форс-тоҷик. Аз Гунободи Хуросон. Дар ҳамон ҷо хату савод бароварда, барои таҳсил ба шаҳри Тун рафт ва то охири ҳаёт он ҷо монд. Дар илми нуҷум ва ҳайат маҳорати том доштааст. Бештар рубоӣ, қитъа, муаммо ва маснавӣ гуфта, дар сарчашмаҳои …
Муфассал »Нисор Муҳаммади Афғон
Нисор Муҳаммади Афғон (1897, деҳаи Зиддии вилояти Пешовари Покистон — 28. 10. 1937), ҳодими давлатии советӣ, яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Дар Пешовар, Балуҷистон ва Афғонистон дар ҳаракатҳои озодихоҳӣ иштирок дошт. Соли 1920 бо чанде инқилобчиён ба Тошкент омад ва раияи советӣ шуд. …
Муфассал »Шаҳри Нисо
Нисо шаҳри қадим ва асримиёнагӣ (димнаи он ҳоло дар масофаи 18 километр Шимоли Ғарби шаҳри Ашқобод воқеъ аст). Дар асри 3 то милодӣ— асри 3 милодӣ Нисо аз Шаҳристон (димнаи Нисои Нав, тақрибан 18 га) ва қароргоҳи мустаҳками шоҳи Порт (димнаи Hисои Куҳан, номи қадимиаш Меҳрдодкарт, тақрибан 14 га) иборат …
Муфассал »Нистабати ду адад
Нистабати ду адад, ҳосили тақсимест, ки дар натиҷаи тақсим кардани адади якум ба адади дуюм ҳосил мешавад. Нисбати ду бузургии якҷинса ададеро мемонад, ки ҳангоми бузургии дуюмро чун воҳиди ченкунӣ қабул карда чен намудани бузургии якум ҳосил шудааст. Агар ду бузургӣ тавассути як воҳиди ченкунӣ чен шуда бошанд, Нисбати онҳо …
Муфассал »Нирвана
Нирвана (санскрипт— таскин, фурӯнишонӣ), мафҳуми марказии фалсафаи буддоия, ки ҳолати рӯҳӣ ва мақсади ниҳонии кӯшишҳои маънавии одамро ифода мекунад. Дар матнҳои буддоӣ Нирвана ҳамчун чизи даркнашавандаю бефоида ва ба ашён «ҳар ду олам» мухолиф тавсиф шудааст. Нирванаро дар таълимотҳои гуногуни динию фалсафии ҳиндӣ ба тарзҳои мухталиф таъбир мекунанд. Мувофиқи ин …
Муфассал »Нирала Сурякант Трипатҳи
Нирала Сурякант Трипатҳи (1896 — 15. 10. 1961, Оллоҳобод), нависандаи ҳинду. Яке аз асосгузорони ҷараёни романтикии чҳаявад. Баъдтар дар эҷодиёти Нирала ба ҷои ало- матҳои романтизм унсурҳои реалистӣ пайдо шуданд. Назми Нирала содда, фаҳмою равон буда, одатҳои иҷтимоию танқидӣ дар насраш қавист. Асарҳои асосиаш: маҷмӯаҳои ашъо- ри «Беном» (1923), «Баргҳои …
Муфассал »Ниобий
Ниобий (лотинӣ Niobium), Nb, элементи химиявии гурӯҳи V системаи даврии Менделеев, рақами ат. 41, масса и ат. 92,9064. Ниобий як изотопи табиӣ 93Nb дорад. Ниобий 2 * 10_3% массаи қишри Заминро ташкил менамояд. Ниобий дар табиат асосан дар намуди оксидҳо дар таркиби минералҳо якҷоя бо Та, Ti, Са, Na, Th, …
Муфассал »