Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 9)

Архив Месяца: May 2017

Немсова Вожена

1

Немсова (Nemcova) Вожена (4.2.1820, Вена — 21. 1. 1862, Прага), адибаи чех. Мактаби ибтидоиро хатм намуда, баъд худомӯзӣ кардааст. Воқеаҳои Револютсияи 1848-ро бо хайрхоҳӣ пешвоз гирифта, бо ҳамсараш Й. Не­мес дар деҳа ба корҳои маданию маърифатӣ машғул шудааст; дар матбуоти мутараққӣ низ ширкат варзидааст. Борҳо ба таъқиби ҳукуматдорон дучор шудааст. …

Муфассал »

Немисҳо

1

Немисҳо (худ Deutsche гӯянд), аҳолии асосии РДГ (тақрибан 16,7 миллион нафар, 1978), РФГ (56 миллион) ва Берли­ни Ғарбӣ (1760 ҳазор). Тақрибан 12 миллион Немисҳо дар чанде аз мамлакатҳои Европа, СССР (1936 ҳазор, 1979), ШМА, Кана­да, мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ, Австралия, Африкаи Ҷанубӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Ба эабони немисӣ гап мезананд. …

Муфассал »

Немирович-Данченко

1

Немирович-Данченко Влади­мир Иванович (23. 12. 1858, Озургети, ҳозира Махарадзеи РСС Гурҷистон— 25. 4. 1943, Моск­ва), режиссёр, арбоби театр, педа­гог, нависанда ва драматурги сове­тӣ Артисти Халқии СССР (1936). Асосгузори (якҷоя бо К. С. Станислав­ский) Театри бадеии Москва (ҳо­зира Театри бадеии академии Москва ба воми М. Горкий). Солҳои 1876—79 донишҷӯи факултети физикаю …

Муфассал »

Нематосидаҳо

1

Нематосидаҳои, нематисидаҳо (аз нематодаҳо ва лотинӣ саеdo — мекушам, маҳв мекунам), моддаҳои химиявӣ барон маҳви нематодаҳои растанихӯри зараррасон. Махсусан Нематосидаҳои хлорпикрин, бромиди метил, немагон, препаратп ДД, карботион, ки хусусияти фумигантӣ (ҳангоми дар ҳолати газу бут ба воситаи узвҳои нафас ба организми немато­да дохил шудан заҳролуд мекунад) доранд, пайвастҳои фосфорорганикии контактӣ …

Муфассал »

Нематодозҳо

1

Нематодозҳо, бемориҳои одам, ҳайвонот ва растанӣ, ки нематодаҳо ба вуҷуд меоранд. Нематодаҳо дар аксари узву бофтаҳои одаму ҳайвонот (мушак, ҷигар, гурда, меъдаю рӯда ва ғайра) ва қисмҳои растанӣ (реша, поя ва барг) паразитӣ мекунанд. Нематодозҳо 2 хел мешаванд: геонематодозҳо (ангезандаи онҳо дар муҳити беруна — хок, об ва ғайра инкишоф …

Муфассал »

Нематодаҳо

Нематодаҳо (Nematoda), лӯндакирмҳо, синфи кирмҳо аз типи нахустковокҳо. Қариб 500 ҳазор намудашон дар тамоми дунё паҳн шудаанд. Дарозии танашон аз якчанд ҳиссаи мм то 8,5 метр мешавад. Нематодаҳо, Нематодаҳои ғайрипаразит: 1 — Mononchus раpillatus (дарраяда); 2—Steinerla mirabllis. Паразити ҳайвонот ва одам; 9 — Tetrameres sp. (а — модина, б — …

Муфассал »

Нематодаи шолӣ

1

Нематодаи шолӣ, лӯндакирми паразит аз оплан Tylenchidae, ки касалиҳои шолӣ (масалан, урфу)-ро ба вуҷуд меорад. Дарозиаш 0,7—1,2 милиметр (модинааш 0,6—1,1 милиметр). Дар Ҳиндустон (Бангола ва дигар музофотҳо), Миср, мамлакатҳои нимҷазираи Малак­ка ва ғайра паҳн шудааст. Дар СССР (зараррасони карантинӣ) нест (1978). Дар бари барг, зери пулакчаҳои хуша ва нуқтаҳои сабзиш …

Муфассал »

Нематодаи гандум

1

Нематодаи гандум (Anguina tritici), кирмчаест, ки касалии ангуллюлинози гандумро ба вуҷуд меорад. Ба ҷав, ҷавдор, сулӣ ва ғайра низ зарар мерасонад. Нематодаи гандум дар Доғистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистони Шарқӣ, кишвари Краснодар, инчунин дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикҷистон вомехӯрад. Растанӣ ҳангоми аз Нематодаи гандум осеб дидан тамоман аз сабзиш …

Муфассал »

Неманиҳо

1

Неманиҳо (Неманньп), сулолаест дар Сербияи асрҳои миёна (нимаи дуюми асри 12—1371). Саравлоди он жупани кабир (жупан — сардори воҳиди маъмурию территориявӣ). Рашки Стефан Неман (солҳои ҳукмронӣ тақрибан 1170—96) ба давлати ягонаи феодалӣ дар Сербия асос гузоштааст (ба ном давлати Неманиҳо). Намояндагони дигари он; писари Немани жу­пани кабир Стефан Первовенчанный (1196—1227) …

Муфассал »

Дарёи Неман

1

Неман, лит. Н я м у н а с, бело­русӣ—Нёман, Неманец, дарёест дар РССБ, РСС Литва қисман дар қад-қади сарҳади вилояти Калинингради РСФСР. Тӯлаш 973 километр, масоҳат. ҳавзааш 98200 км2. Сароби дарьё дар ҷануби баландии Минск воқеъ гаштааст. Неман аз пастии Неман ҷорӣ шуда, ба халиҷи Куршии баҳри Балтика мерезад …

Муфассал »