Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 75)

Архив Месяца: May 2017

Муҳити байнисайёравӣ

%d1%80%d0%be%d0%b6%d0%b4%d0%b5%d0%bd%d0%b8%d0%b5-%d0%b7%d0%b2%d0%b5%d0%b7%d0%b4%d1%8b

Фазои байни сайёраҳоро гӯянд, ки бо ҷисмҳои сахти андозаашон аз якчанд км то якчанд мкм (онҳо дар натиҷаи коҳидани ядроҳои кометаҳо ба вуҷуд меоянд), ионҳо ва электронҳои аз тоҷи офтобӣ хориҷшуда (боди офтобӣ), инчунин бо зарраҳои баланэнергия ва ядроҳои атомии аз қаъри Галактика меомадагӣ пур мебошад. Аз таъсири боди офтобӣ …

Муфассал »

Муҳити Байнигалактикӣ

%d0%b3%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d0%ba%d1%82%d0%b8%d0%ba%d0%b0

Фазои байни галактикаҳоро гӯянд, ки бо туманоти газу ғубор, афканишоти гуногун, шуоъҳои кайҳонӣ, майдонҳои магнитӣ, нейтрино ва дигар навъҳои материя пур аст. Контсетратсияи атомҳо дар Муҳити Байнигалактикӣ назар ба Контсетратсияи атомҳо дар муҳити байниситоравӣ даҳҳо ва садҳо ҳазор маротиба пасттар аст, аммо мубодилаи моддаҳо байни Муҳити байнигалактикӣ ва худи галактикаҳо …

Муфассал »

Муҳити аъзам

%d0%ba%d0%bd%d0%b8%d0%b3%d0%b0

“Баҳри кабир”, китоби Муҳаммад Аъзамхон ибни Шоҳаъзамхон оид ба тиб, ки соли 1879 ба забони форсӣ-тоҷикӣ  дар чор ҷилд таълиф шудааст. Ин китоб, ки соли 1896 да Канпур ба табъ расидааст, 14967 номи давоҳои муфрадро дар бар мегирад. Муаллиф ба ғайр  аз доруҳое, ки тавсифашон дар китобҳои тиббии форсӣ ва …

Муфассал »

Манқагӣ

bemorii_manqa_poi_gov

МАНҚАГӢ, бемории сироятии одам ва ҳайвонот аст. Барангезандаи Манқагӣ бактерияҳои Actinobacillus mallei мебошанд. Манбаи сироят ҳайвоноти хонагии касал аст. Одам дар сурати ба ҷои осебдидаи пӯст ва пардаҳои луобии узвҳои ҳозима роҳ ёфтани бактерияҳо сироят меёбад. Бактерияҳо бо хун ба тамоми организм паҳн шуда, иллати фасодноки узвҳои гуногунро ба вуҷуд …

Муфассал »

Муҳит

%d0%be%d0%ba%d1%80%d1%83%d0%b6%d0%b0%d1%8e%d1%89%d0%b0%d1%8f-%d1%81%d1%80%d0%b5%d0%b4%d0%b0

Муҳити зиндагӣ ва фаъолияти истеҳсолии инсониятро гӯянд. Истеҳсоли “Муҳит” одатан Муҳити табии атрофи инсонро ифода менамояд: басе ба доираи ин мафҳум унсурҳои  Муҳити маснуъ (манзил, корхонаҳои саноатӣ, каналу амбор ва ғайра)-ро низ дохил мекунанд. Ба қадри тараққии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва вусъати доираи фаъолияти инсон, ки қариб тамоми табақаи ҷуғрофиро фаро мегирад, чорабиниҳои …

Муфассал »

Кӯли Лобнор

Кӯли Лобнор

ЛОБНОР (Lop Nur), кӯли баста ва хушкшудаистода дар ғарби Хитой (Синдзян Уйғур), воқеъ мебошад ки ба забони аслиаш онро «Каракошуккол» меноманд. Дар қисми шарқии ҳамвории Қошғар (Тарим), дар баландии аз сатҳи баҳр қариб 780 метр воқеъ аст. Ба Лобнор дарёҳои Кӯнчидарё ва Тарим мерезад, Каму зиёдшавии масоҳату шӯрии кӯл ба …

Муфассал »

Лочин

Лочин

ЛОЧИН (Falco peregrinus), паррандаи соҳибчанголест аз оилаи Falconidae ва ӯро ба забони руссӣ «Сапсан» мегӯянд. Дарозии танаш 40—50 см; вазнаш 500—1000 грамм. Лочин модина аз Лочин нарина калонтар аст. Ранги Лочин хокистарии сиёҳтоб бу­да, дар шикам ва пушташ хатҳои кундаланг дорад. Болҳояш дарози тез, дар ҳама ҷо (ғайр аз Антарктика …

Муфассал »

Мадраса

madrasa

МАДРАСА (арабӣ — ҷои дарс хондан, дарсхона), таълимгоҳе, ки толибон таҳсили илм мекунанд, дониши худро такмил медиҳанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ нахустин Мадрса дар Бухоро пайдо шуда, соли 937—938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Дар ҳудуди асрҳои 11—12 дар кишварҳои ғарбии олами ислом ҳам таъсис ёфтани Мадраса ба фаъолияти ҳукуматдорони салҷуқӣ, …

Муфассал »

Шаҳри Лондон

Лондон

ШАҲРИ ЛОНДОН (London) – Лондони Калон (Groater London), пойтахти Британияи Кабир, маркази асосии иқтисодию сиёсӣ ва мадании Британияи Кабир ва ҳамчунин бузургтарин шаҳри иқтисодию маорифии ҷаҳон ба шумор меравад. Яке аз шаҳрҳои сераҳолитарини дунё буда, дар маркази хав­заи Лондон ва ду тарафи соҳили резишгоҳи дарёи Томна аз соҳили баҳри дар …

Муфассал »

Лиман

Лиман

ЛИМАН –  аз забони юнонӣ «Li men» гирифта шуда мазмунаш лангаргоҳ, халиҷи хурд мебошад ва чунин маъноҳо дорад: 1) Халиҷи тӯлонии соҳилҳояш каҷу килеб ва начандон баланд. Лиман дар натиҷаи фурӯ нишастани қитъаҳои хушкии назди соҳил ва дар зери оби баҳр мондани сою водии дарёҳо ба вуҷуд меояд. Яъне бо …

Муфассал »