Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 70)

Архив Месяца: May 2017

Муҷум

1

Деҳа, маркази Совети қишлоқ Муҷум ва колхози «Победа»-и pайони Ғонҷӣ, вилояти Ленинобод . Аз Муҷум  то маркази район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2740 нафар (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, китобхона, шуъбаи алоқа, нуқтаҳои хизмати маишӣ (сехҳои сартарошӣ, пойафзолдузӣ, либосдузӣ) дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — боғдори, ғаллакорӣ, чорводорӣ. …

Муфассал »

Муҷтаҳид

1

Дар асрҳои миёна  илоҳиётшинос ё фақеҳеро мегуфтанд, ки оид ба масъалаҳои дину фиқҳ (иҷтиҳод) ҳукм мебарованд ва нисбат ба дигарон афзалият ва ҳаққу ҳуқуқи махсус дошт. Масалан, асосгузорони чор мазҳаби суннӣ Муҷтаҳид буданд. Дар асри 10 вазифаи Муҷтаҳидро қисман муфтиҳо иҷро мекарданд. Дар равиян шиа Муҷтаҳид рӯҳонии олимақомест, ки обрӯ …

Муфассал »

Муҷтас

1

Номи яке аз баҳрҳои фаръии арӯз. Ин баҳрро барои он Муҷрим меноманд, ки шакли мусаддаси онро аз хафиф барканда гирифтаанд. Шакли мусаддаси рукнҳои Муҷрим ва рукнҳои солими баҳри ҳафиф ба ҳам монанд буда, фақат аз ҷихати тартиби ҷойгириашон фарқ мекунанд. Агар дар ҳафиф рукни мустафъилун дар байни ду фоилотун омада …

Муфассал »

Муҷрим Обид

1

Мирак ибни Хоҷа (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири зуллисонайни асри 18. Дар мадрасаи Мири Араби Бухоро таҳсил кардааст. Ду девони Муҷрим , ки  ашъори тоҷикӣ ва ӯзбекиро дар бар мегиранд, боқӣ мондаанд. Девонҳояш дорои ғазал, мухаммас, маснавӣ, қитъа ва рубоианд. Дар эҷодиёти шоир оҳангҳои иҷтимоӣ, омолу орзу ва дарду …

Муфассал »

Муҷрим

1

Муҷрим Ошурмуҳаммад (cоли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19, тоҷик. Дар деҳаи Бузкуши Роғи Бадахшон таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро дар ҳамон ҷо гирифтааст. Баъдтар, ба қавли худи шоир, аз зулми ҳокими замон гурехта, ба Кӯлоб омадааст. Нисбати «Роғӣ» ва «Кӯлобӣ» гирифтанаш аз ин ҷост. Аз Муҷрим девони ашъор (1000 …

Муфассал »

Муҷоҳидон

1

Аъзоёни ҷамъняти ғайрилегалии револютсионию демократӣ дар Эрон, ки соли 1905 ташкил ёфта, дар Револютси 1905—1911 Эрон, хусусан шӯриши 1908—1909 дар Табрез ва табаддулоти револютсионии 1909 дар Рашт мавқеи калон доштанд. Ташкилоти Муҷоҳидон асосан аз намояндагони буржуазияи майда, коргарон ва деҳқонон иборат буд. Программаи Муҷоҳидон (соли 1907 қабул шуда буд) озодии …

Муфассал »

Муҷихарфи Боло

1

Деҳаест дар Совети қишлоқ Муҷихарфи pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Терретория совхози «Чорсада». Аз Муҷихарфи Боло то маркази Совети қишлоқ 1 км ва то район 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳо­лиаш 605 нафар (1981), тоҷикон. Соҳа­ҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз оби чашма­ҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Муҷихарф

1

Деҳа, маркази Совети қишлоқ Муҷихарфи райони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Чорсада». Аз Муҷихарф то маркази район 29 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 345 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва тамокукорист. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Муҷириддини Байлақонӣ

1

Муҷируддини Байлақонӣ Абулмакорим (соли таваллудаш номаълум — вафот байни 1190 -1193), шоири форс-тоҷик. Аз оилаи камбағал. Таҳти роҳбарии Хоқонӣ дар Шервон илми адаб омухтааст. Дар дарбори илдигизиён Муҷириддини Байлақониро ба ифшои сирри давлат айбдор мекунанд, вале осебе расонда наметавонанд. Баъдтар аз дасти ғаниме дар ҳаммом кушта шудааст. Аз эҷодиёти Муҷириддини …

Муфассал »

Муҷассама

1

Навъи маъмули санъати ҳайкалтарошӣ, офаридани пайкари инсон ё ҳайвон, ки одатан бар пояи ҳайкал барқарор аст. Муҷассамиҳои хурдеро, ки барои ороиши интеръер истифода мешаванд, ҳайкалча (муҷассамаҷа) мевоманд.   Муҷассамиҳои сангӣ, ниг. Балбал.

Муфассал »