Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May / 31 (страница 2)

Архивы за день : 31.05.2017

Неҳру Ҷавоҳирлол

1

Неҳру Ҷавоҳирлол (14. 11. 1889, Оллоҳобод — 27.05. 1064, Деҳлӣ), яке аз саромадони ҳаракати миллии озодихоҳӣ, арбоби сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон. Аз оилаи адвокат. Солҳои 1905—1912 дар мактаби асилзодагон ва Университети Кембриҷи Англия таҳсил карда, бо ғояҳои миллатпарастии ҳинду шинос шуд. Соли 1912 ба партия и Конгресси миллии Ҳиндустон (КМҲ) …

Муфассал »

Неҳру Рамешвари

1

Неҳру Рамешвари (1886 — 08. 11. 1966, Деҳли), ходимаи ҷамъиятии Ҳиндустон, пайрави М. К. Ганди. Солҳои 20 яке аз ташкилотчиёни фаъоли ҳаракати занҳо. Соли 1926 бо ташаббуси Неҳру «Лигаи занони Деҳлӣ»— яке аз аввалин дар мамлакат ташкилотҳои занои таъсис ёфт, Баъди истиқлолияти Ҳиидустон (1947) ба­рои баробарҳуқуқии занон ва бар зидди …

Муфассал »

Неъматуллоҳи Валӣ

1

Яке аз силсилаҳои маъруфи тасаввуф. Асосгузораш сӯфӣ ва шоири машҳури асри 14 Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, ки шаҷарааш ба имоми панҷӯми шиа Му­ҳаммад Боҷир мерасад. Дар давраи ҷавонӣ дар Самарқанд, Ҳирот ва Язд зиндагӣ карда, 25 соли охири ҳаёти дарвешонаи худро дар деҳаи Моҳо­ни Кирмон гузаронида, дар ҳамон ҷо мадфун аст. …

Муфассал »

Неъматуллоев Ҳабибулло

Неъматуллоев  Ҳабибулло (1900, шаҳри Ӯротеппа — 24. 08. 1975, шаҳри Душанбе), яке аз иштирокчиёни фаъоли сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон. Аъзои КПСС aз соли 1926. Муаллими Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1960). Неъматуллоев фаъолияти меҳнатиашро аз посбонии мактаби деҳаи Беговот cap кардааст. Баъди хатми курси кӯтоҳмуддатӣ муаллим тайёркунӣ солҳои 1919—1925 муаллими мактаби ибтидои, …

Муфассал »

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (таваллуд 16. 09. 1937, Ӯротеппа), олими советӣ дар соҳан сохтмони зилзилабардор, аъзо-корр. АФ РСС Тоҷикистон (1972), муовини академик-котиби шӯъбаи илмҳои физикаю ма­тематика ва геоло- гияю химия, директори Институти сохтмони зилзила­бардор ва сейсмологияи АФ РСС Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз соли 1966. Соли 1961 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм намуд. …

Муфассал »

Неъматов Нӯъмон Неъматович

Неъматов Нӯъмон Неъматович (таваллудаш 05. 03. 1927, Хуҷанд, ҳозира Ленинобод), археолог ва муаррихи советии тоҷик. Доктори илмҳои таъ­рих (1969), профессор (1972). Аъзо-корр. АФ РСС Тоҷикистон (1978). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз 1947. Соли 1948 факултети таърихи Институти педа­гогии Ленинободро хатм кардааст. Аз соли 1953 кормади калони илмии сектори археологияи …

Муфассал »

Деҳаи Неъматбоӣ

1

Неъматбоӣ деҳаест дар Совети қишлоқ Алмосии pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи заводи зотпарварии «Роҳи Ленин». Аз Неъматбоӣ то маркази Совети қишлоқ 5 км. Аҳолиаш 180 нафар (1982), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Аҳолӣ бо чорводорӣ, ғаллакории лалмӣ (асосан гандум, ҷав) машғул аст.

Муфассал »

Деҳаи Неъмат Қаробоев

1

Неъмат Қаробоев деҳаест дар Совети қишлоқ Куйбишеви pайони Коммунисти, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи совхоз-техникуми ба номи В. В. Куйбишев. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 км, то район 11 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 350 нафар (1982), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи канали Қовунтеппа …

Муфассал »

Неъмат Султонмуҳаммади Ной

Неъмат Султонмуҳаммади Ной (маъруф ба Неъмати Ноӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз, машшоқ ва мусиқидони асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро, дар Деҳлӣ фавтидааст. Чанд муддат дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, илмҳои мусиқӣ, бадеъ, қофия, сарфу наҳв, риёзиётро аз худ намудааст. Неъмат Султонмуҳаммади Ной сабки хоси сарояндагию навозандагӣ ва таснифоти …

Муфассал »

Неъмат

1

Неъмат дарахлоқ ва фалсафа он чизе, ки дорои маънои муайяни мусбат аст. Масъалаи Неъмат дар фалсафа вобаста ба шарҳи маъ­нои ҳастӣ ва мавҷудият омадааст. Фалсафаи атиқа маловат («эвдемония»)-ро Неъмати олӣ медонад. Мазмуни нуқтаи мазкур аз тарафи намояндагони ҷараёнҳои мухталиф ба таври гуногун таъбир шудааст: Ҳамчун лаззат (киренакҳо, Эпикур) ё худдорӣ …

Муфассал »