Намакҳо синфи пайвастҳои химиявӣ, моддаҳои кристаллиеанд, ки дар шароити муқаррарӣ сохти ионӣ доранд. Дар асоси назарияи диссо- тсиатсияи электролитӣ Намакҳо дар маҳлул ба ионҳои мусбат заряднок — катионҳо (асосан металлҳо) ва ионҳои манфӣ заряднок — анионҳо диссотсиатсия мешаванд. Намакҳо миёна (ё ки нейтралӣ), турш, асосӣ, дучанда, омехта ва комплексӣ мешаванд. …
Муфассал »Архивы за день : 17.05.2017
Намаксанг
Г а л и т, 1) минероали галит, аз рӯи таркиби химиявӣ хлориди натрий NaCl (Na —39,34%, Cl — 60,66%). Системаи кристаллбандиаш кубӣ. Дар табиат ба шакли агрегатҳои кристаллии донадор вомехӯрад. Галити холис берангу шаффоф аст, аммо аз сабаби бо гил, моддаҳои органики, оксидҳои оҳан ва ғайра омехта буданаш аксар …
Муфассал »Намаки ош NaCl
Намаки ош хлориди натрий (NaCl), як навъ моддаи беранги кристаллиро гӯянд, ки аз муҳимтарин маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Зичиаш 2161 кг/м3; t гуд. 801° С; t ҷӯш. 1413° С; сахтнаш 2. Ҳалшавандагии Намак ош дар об ба ҳисоби : 26,28 (0° 01, 26,43 (25° С), 28, 12 (100° С). …
Муфассал »Намаки глаубер
Намаки глаубер, ниг. Мирабилит.
Муфассал »Деҳаи Намадгӯти боло
Намадгӯти боло деҳаест дар Совети қишлоқи Ишкошими райони Ишкошими ВАБК. Территорияи совхози ба номи И. Исмоилов. Аз Намадгӯти Боло то маркази Совети қишлоқ 17 км, то район 17 км. Аҳолиаш 435 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа ва ГЭС дорад. Аҳолӣ бо чорводорӣ, зироаткорӣ …
Муфассал »Намад
Намад як навъ маснуоти нашмист, ки дар байни халқҳои Шарқ, хусусан Осиёи Миёна ва Қазоқистон, аз қадим маъмул буд. Барои тайёр намудана Намад намадгарҳо пашми буз ё гӯсфандро ба андозаи лозима паҳн карда, ба болои он оби ҷӯш пошида, онро мемолиданд. Баъд лӯлаи мазкурро ресмонпеч карда, ду кас дар ду …
Муфассал »Пойтахти Налчик
Налчик пойтахти РАСС Каб. Балқ. Дар доманаи шим Кавкази Калон, дар соҳили дарё Налчик воқеъ гаштааст. Аз Налчик роҳи автомобилгарди Ростони Дон — Боку мегузарад. Ба воситаи шохаи роҳи оҳани (41 км) бо стансияи Котляревская алоқаманд аст. Тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи июл 21°С), зимистонаш мӯътадил (ҳарорати миёнаи январ —4° С). …
Муфассал »Налский Яков Исаакович
Налский Яков Исаакович (таваллудаш 23. 08. 1913, деҳаи Хлестановшина, вилояти Иркутск), фолклоршинос ва журналисти советӣ. Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1949 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кард. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Дар газетаи «Коммунист Таджикистана» вазифаҳои гуногунро иҷро кардааст. Аз соли 1958 мухбири ТоҷикТА. Афсонаҳои халқии тоҷикро ҷамъ …
Муфассал »Пиряхи Наливкин
Наливкин пиряхест дар шимолу ғарби Помир, шохаи рости пиряхи Федченко. Ҳавзаи пирях дар нишебии ҷануби кӯҳи Крутой Рог ва нишебии шимоли кӯҳи Арал (шохаҳои қаторкӯҳи Танимаси Шимолӣ) воқеъ гардидааст. Навилкин аз қабили пиряхҳои мураккаб буда, 8 пиряхро дар бар мегирад. Тӯлаш 13,5 км, масоҳати умумиаш 45,2 км2, ҳаҷми ях 8,6 …
Муфассал »Наливкин Дмитрий Василевич
Наливкин Дмитрий Василевич (25.08.1889, Петербург—02.03.1982, Ленинград), геолог ва палеонтологи советӣ, академияи АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1946; аъзокорр 1933), аъзои фахрии АФ РСС Туркм. (1951), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963). Институти кӯҳкории Петроградро хатм кардааст (1915), аз соли 1920 проф., аз 1932 мудири кафедраи геологияи таърихии ҳамин институт. Солҳои 1946—1951 раиси Президиуми филиали …
Муфассал »