Маълумоти охирин

Архивы за день : 17.05.2017

Намоиши апрелии 1917

2

Намоиши апрелии 1917 намо­иши эътирозии коргарон ва солдатҳои Петроград 20—21 апрели (3—4 май) ба муқобили сиёсати зиддихалқии Ҳукумати муваққатии буржуазии Россия. Ниг. Кризисы апрелии соли 1917.

Муфассал »

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки иттиҳоди шӯъравӣ

namoishgoh-vdnx-1974

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки иттиҳоди шӯъравӣ, НКХХ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, намоишгоҳи доимии умуми- иттифоқӣ дар Москва, ки дар он комёбиҳои саноат, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, илм ва маданият намоиш дода мешаванд. Вазифаҳои асосии Намоишгоҳ пропаганда ва намоиши муваффақияту комёбиҳои хоҷагии халқ илму техника, маданият ва таҷри­баи пешқадам аст. Намоишгоҳ дар заминаи …

Муфассал »

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки РСС Тоҷикистон

2

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки РСС Тоҷикистон, НКХХ РСС Тоҷикистон, намоишгоҳи доимии комёбиҳои хоҷагии халқ, ки 6 декабри 1967 дар шаҳри Ду­шанбе таъсис ёфтааст. Аввалин намоиши он ба 50-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр бахшида шуда буд. Ба кори намоишгоҳ Комитети намоишгоҳ, ки сардори он ҷонишини район Совети Вазирони РСС Тоҷикистон мебошад, …

Муфассал »

Намоиш

2

Намоиш қисми мукаммали акт (парда) дар песа ва тамошоҳои саҳнавист. Дар драма, опера ва балет Намоишҳо аз ҳамдигар бо танаффусҳои кӯтоҳмуддат ҷудо мешаванд.

Муфассал »

Намои иморат

2

Намои иморат рӯи иморат ё иншоот. Ҳар бино дорои намои асосӣ ва намоҳои паҳлуист. Ҳангоми тарҳрезии лоиҳа ба намои асоси диққат медиҳанд ва таъиноти бино ҳам аз рӯи он муайян карда меша­вад. Дар санъати меъмории класси­кии Осиёи Миёна типҳои махсуси биноҳо (Мадраса, масҷид, мақбара) маъмул буданд, ки шакли намои онҳо …

Муфассал »

Осори Намозгоҳтеппа

2

Намозгоҳтеппа осори бошишгоҳи давраи энеолит ва биринҷӣ дар Туркманистон, 7 км ғарбтар аз стансияи роҳи оҳан Қааҳқа. Вусъаташ тақрибан 70 га, ғафсии қабатҳои археологӣ то 34 м. Археологи советӣ Б. А. Куфтин ҳан- гоми ҳафриёт (1952) тартиби ҷои қабатҳои археологии Намозгоҳтеппаро муайян намуд, ки он дар тадқиқи дигар ёдгориҳои Осиёи …

Муфассал »

Деҳаи Намозгоҳ

2

Намозгоҳ деҳаест дар Совети қишлоқ Зиддии pайони Ленини РСС Тоҷикистон Территорияи совхози ба номи Ҳасан. Аз Намозгоҳ то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 92 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 530 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Машғулияти асосии аҳолӣ тамокукорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз оби дарёи Зиддӣ ва чашмаҳо …

Муфассал »

Намозгоҳ

2

Намозгоҳ масҷидест, ки дар он рӯзҳои иди қурбон ва рамазон намоз мехонданд. Азбаски дар рӯзҳои иди динӣ масҷидҳои шаҳр ҳамаи намозхононро ғунҷоида наметавонист, дар беруни шаҳр Намозгоҳ сохта мешуд. Намозгоҳ ба тарзи анъанавӣ бино ёфта, бештар дар пеши девори меҳроб пешайван ва суфача сохта ме­шуд. Баъзе масҷидҳои Намозгоҳ аз ҷиҳати …

Муфассал »

Намоз

2

Намоз ( дуо, ибодат), яке аз рукнҳои асосии ислом (нигаред Аркони дин), салоти ҳаррӯзаю панҷвақта (Намози бомдод, Намози пешин, Намози аср, Намози шом, Намози хуфтан). Фақеҳони ислом ба ин рукн аҳамияти калон дода, Намозро фармоиши Худо ва аз ин ҷиҳат ба ҷо овардани онро ҳам фарзу ҳам суннат мешуморанд.  Ҳангоми намозхонӣ …

Муфассал »

Намлаи пилк

2

Намлаи пилк мурчадаваки  пилк, доначаест сурхи сӯзон, ки дар пилки чашм падид меояд ва андак варам карда паҳн мешавад.

Муфассал »