Маълумоти охирин

ТУНКАТ

ТУНКАТ, шаҳри қадим дар Осиёи Миёна, пойтахти давлати асримиёнагин Илоқ. Димнаи Тункат дар наздикии шохобҳои дарёи Оҳангарон — Совуқбулоқ ва Отчопарсой воқеъ аст. Тункатро солҳои 1929—34 М. Е. Массон ва 1959—62 Ю. Ф. Буряков тадқиқ намудаанд. Масоҳати қисми то имрӯз боқимондааш 50 га. Дар шимолу ғарби Тункат арки секунҷае ҷой гирифтааст. Се тарафи арк ва майдони шаҳристон работҳои бо девор иҳоташуда дораид. Ҳафриёти археологӣ собит менамояд, ки Тункат асрҳои 5—6 аз деҳа ба шаҳр табдил ёфта, асрҳои 9—10 ба авҷи аълои тараққиёт расидааст. Аз асри 11 рӯ ба таназзул ниҳода, дар асри 12 ба хароба табдил шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …