СИННИ ГЕОЛОГӢ, синни ҷинсҳои кӯҳиро гӯянд. Синни геологӣ ду хел мешавад: мутлақ ва нисбӣ. Синни геологии мутлақ — синни ҷинсҳои кӯҳиест, ки дар воҳиди мутлақи вақт ифода ёфтааст. Онро дар натиҷаи омӯхтани коҳиши элементҳои радиоактивӣ (уран, торий, калий, рубидий ва ғайра), ки дар таркиби минералҳо мавҷуданд, муқаррар менамоянд. Синни геологии мутлақро одатан бо миллион сол ифода мекунанд. Ин истилоҳ шартист, чунки ҳар кадоми рақамҳои ҳосилшуда «мутлақ» нест ва он аксар вақт тахминӣ (камаш бо 5% хато) дода мешавад. Синни геологии нисбӣ — синни ҷинсҳои кӯҳиест, ки дар асоси омӯхтани тарзи ҷойгиршавии қабатҳо (дар буриши геологӣ) муайян карда мешавад. Дар мавриди уфуқӣ хобидани қабатҳо синни қабатҳои болоӣ нисбат ба поёнӣ ҷавонтар аст. Муқоисаи табақаҳои таҳшинии ноҳияҳои аз якдигар дур барои тартиб додани шкалаи стратиграфӣ имкон дод, ки он вобаста ба маҷмӯи ҷиҳатҳои хоси боқимондаҳои набототу ҳайвогот ба як қатор давраҳо (системаҳо) тақсим мешавад. Синни геологии нисбиро инчунин бо роҳи таҳлил кардани боқимондаҳои санггаштаи ҳайвонот ва набототе, ки аз байни қабатҳо ёфт шудаанд, муайян мекунанд. Нигаред низ Геохронология.
Tags Геология
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …