Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУҲАҚҚАҚ

МУҲАҚҚАҚ

muhakkakМУҲАҚҚАҚ (арабӣ — тадқикшуда, аниқ), як навъи хати арабӣ. Шакли такмилёфтаи хати кӯфӣ. Дар асрҳои 9—10 ба вуҷуд омадааст. Ба хатҳои райҳон ва сулс хеле монанд аст. Хаттоти маъруф Ибни Муқла Муҳаққақро такмил дода, дар тарзи навишти он шеваи махсусе ҷорӣ карда буд. Аз ин ҷост, ки Муҳаққақро ихтирои Ибни Муқла донистаанд. Муҳаққақ назар ба кӯфӣ осонхон аст. Дар Муҳаққақ ҳамаи ҳарфҳо пурра ва устуворанд, печидагию кӯ-тоҳие надоранд ва аз ин сабаб Муҳаққақ ном ниҳодаанд (яъне ҳаққи ягон ҳарф аз эътибор соқит намешавад). Хусусияти фарккунандаи Муҳаққақ аз дигар навъҳои хати арабӣ дар он аст, ки ҳарфҳои алиф * лом J коф ^ дол* зол * ре j зе j мим ( нун о bob j ва ё tS дарозтар навишта мешаванд ва дар онҳо қисми нимдоира вуҷуд надорад. Баъд аз Ибни Муқла дар та кмили Муҳаққақ хидмати Ибни Баввоб ва Ёқути Мустаъсимӣ калон аст. Баъдтар, вақте ки хати силс ба ву-ҷуд омад, бисёр матнҳо бо омехтаи Муҳаққақ ва сулсу райҳон китобат мешу-данд ва тадриҷан Муҳаққақ аз истифода баромад, зеро он ба райҳон ва сулс хеле монанд буд ва аз тарафи дигар, навиштани он вақт ва коғази зиёдеро талаб мекард. Машҳуртарин Муҳаққақнависон Аҳвали Муҳаррик, Абдуллоҳ Ибни Мукла (бародари Ибни Мукла), Ҳамдуллоҳи Бухороӣ, Абдуллоҳи Ҳисорӣ ва ғайра буданд.

А. Афсаҳов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …