Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХЎРОКИ УМУМӢ

ХЎРОКИ УМУМӢ

ХЎРОКИ УМУМӢ, як соҳаи хоҷагии халқро гӯянд, ки хӯрок тайёр карда мефурӯшанд ва ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонад. Xўроки умумии СССР фабрика-ошхона, ошхонаҳои хӯроктайёркунии ҷамъиятӣ ва хоҷагӣ, ресторан, чойхона, қаҳвахона, ошхонаи таомҳои саридастӣ, буфетро дар бар мегирад. Як қисми ин корхонаҳо ба истеъмолкунандагон дар ҷои кор ва таҳсил хизмат мерасонанд.

restoran

Корхонаҳои Xўроки умумӣ ба муассисаҳои савдои давлатӣ ё кооперацияҳои матлубот дохил мешаванд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ Xўроки умумӣ ба соҳаи муҳимми хоҷагии халқ табдил ёфт. Қарорҳои дар солҳои 50 қабулкардаи партия ва ҳукумат «Оид ба тадбирҳои беҳтар кардани кори корхонаҳои хӯроки умумӣ» (аз 1 марта 1956) ва «Оид ба минбаъд инкишоф додан ва беҳтар намудани хӯроки. умумӣ» (аз 20 февр. 1959) дар инкишофи Xўроки умумӣ аҳамияти махсус доштанд. Ох. 1980-ум 302,9 ҳаз. (1940-ум 87,6 ҳаз.) корхонаи Хўроки умумӣ буд. С. 1980 қисми умумии муомилоти моли Xўроки умумӣ ба 24003 млн сӯм расид. С. 1980 корхонаҳои Xўроки умумӣ 2617 ҳаз. (1940-уми 788 ҳаз.) коргар доштанд. Муассисаҳои Xўроки умумӣ дар PC С Тоҷикистон (дар корхонаҳои саноатӣ, деҳот, муассисаҳои илмӣ ва ғ.) бо суръат меафзоянд. Ҳоло бисёр корхонаҳои Xўроки  умумӣ бо маҳсулоти нимтайёри истеҳсоли саноатӣ кор мекунанд. Муассисаҳои Xўроки умумии кӯдакон низ ривоҷ ёфтаанд,

С. 1980 дар ошхонаву буфетҳои мактаб барои 8620 кас ҷойи нишаст буд.

Кори Xўроки умумии республикаро Вазорати савдои РСС Тоҷикистон «Тоҷикмат-лубот», шуъбаҳои таъминоти коргарӣ, вазоратҳо ва ғ. ба роҳ мемонанд.

Ад.: Кочерга А. И., Экономические проблемы общественного питания, М„ 1972; Народное хозяйство СССР в 1980 Г.. М., 1981.        О. Каттаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …