Маълумоти охирин

Пенза

Пенза, вилоят дар ҳайати РСФСР. 4 феврали 1939 ташкил шудааст. Масоҳаташ 43.2 ҳазор км2. Аҳолиаш 1501 ҳазор нафар (1981). Вилоят 28 райони маъмурӣ, 10 шаҳр, 16 птш дорад. Марказаш — шаҳри Пенза. Пенза бо ордени Ленин (1967) мукофотоннда шудааст.

Табиат. Вилоят дар Поволжияи Миёна воқеъ гардидааст. Қисми зиёди территорияи онро нишебиҳои ғарбии баландии Приволжия ишғол кардааст. Қисми ғарбии вилояти мазкур дар ҳамвории Окаю Дон (баландиаш 150—180 м) ҷой гирифтааст. Иқлимаш мӯътадили континент. Ҳарорати миёнаи январвар аз —11,3°С то— 13,3°С, июл аз 18,8°С то 20,5°С. Боришоти солона то 680 мм дар Шимолу Шарқ ва то 550 мм дар Шимол. Дар вилоят дарёчаҳо бисёранд. Калонтаранд.—Су­ра. Зиёда аз 65% территорияи вилоят сиёҳхок мебошад. Қисми зиёди территория (Т. дар минтақаи бешадашт ҷойгир аст. 20% территорияи вилоятро бешазорон фаро гирифтаанд. Олами ҳайвоноти вилоят: миримушон, рӯбоҳ, қоқум, харгӯш, шоҳгавазн, ондатра, қундуз санҷоб ва ғайра.

Аҳолиӣ. Дар Пенза русҳо, мордваҳо, тоторҳо, украинҳо, ҷувашҳо ва намояндагони дигар халқҳо зиндагонӣ ме­кунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 34,8 нафар. Қариб 50% аҳолӣ дар шаҳрҳо иқомат доранд. Шаҳрҳо: Пенза, Кузнетск, Сердобск, Каменка, Нижний Ломов ва ғайра.

Хоҷагӣ. То Револютсияи Октябр губ. Пен­за яке аз ақибмондатарии губ.-ҳои аграрии Россия буд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Пенза ба ноҳияи азими саноатӣ ва хоҷагии халқи мамлакат табдил ёфт. Маҳсулоти умумии саноат соли 1973 назар ба 1940 17,1 маротиба афзуд. Саноатӣ мошинсозин вилоят дар мамлакат мақоми баланд дорад. Таҷҳизоте, ки он барои саноатӣ бофандагӣ мебарорад, аҳамияти умуми иттифоқӣ дорад. Корхонаҳои саноатии вилоят инчунин таҷҳизоти компрессорӣ (Пенза, Бессоновка), дизелҳо (Пенза), мошинҳои картошкашинонӣ, тухмипошакҳои тракторӣ (Каменка), присеп-самосвалҳои ав­тотрактор ва қисмҳои гуногуни мошин (Сердобск), мошинҳои хоҷагии коммуналӣ, яхдон (Пенза), армату­ра (Пенза, Кузнетск) мебароранд. Истеҳсоли асбобҳои гуногуни электронӣ (Пенза), соат (Пенза, Сердобск), велосипед ва мотовелосипед (Пенза) басо равнақ дорад. Саноати бофандагӣ ва чарму нойафзол низ тараққӣ кардааст. Рӯймолҳои пашмини Пен­за аз қадимулайём машҳуранд. Саноати хӯроквории вилоят қанд, орду ярма, спирт, крахмал, равған меба­рорад. Саноати коркарди чӯб (чӯб- бурӣ, истеҳсоли фанер, гугирд, мебел, фабрикаҳои асбобҳои мусиқӣ ва коғаз) бо ашёи хоми маҳаллӣ кор мекунад. Истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (хишт, блокҳои дажғолӣ, оҳаксанг, конструксияҳои оҳану бе­тонӣ ва ғайра) хуб ба роҳ монда шудааст. Пенза бо қувваи электрӣ Энерго­системаи муттаҳидаи қисми Европоии СССР ва ТЭС-ҳои маҳаллӣ таъмин карда мешавад.

Ғаллакорию чорводорӣ соҳаи асосии хоҷагии қишлоқи вилоят мебошад. Соли 1974 Дар вилоят 173 колхозу 235 совхозз буд. Аз зироати ғалладона гандум, ҷавдор, ва ғайра лӯбиёиҳо, сулӣ, арзал, марҷумак, аз зироати техникӣ лаблабуи қанд, офтобпараст, бангдона, кар­тошка кишт мешаванд. Сабзавоткорӣ дар ҳамаи районҳои вилоят тараққӣ кардааст. Соли 1974 вилоят 347,9 ҳазор гов, 600 ҳазор хук, 873.9 ҳазор гӯсфанду буз, 5949,4 ҳазор мурғ дошт. Тӯли роҳи оҳан 828 км; дарозии роҳи автомобилгард 11,6 ҳазор км. Аз территорияи Пенза роҳҳои муҳими ҳавоӣ ва трубойроводҳои мамлакат мегузаранд.

Сохтмони маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1973/74 дар 1421 мактаби маълумоти умумӣ 279,1 ҳазор, дар 37 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 18,1 ҳазор, дар 28 мактаби миёнаи махсус 25,8 ҳазор талаба, дар 4 мактаби олӣ (ҳамааш дар шаҳри Пенза) 21.6 ҳазор студент мехонд. Соли 1974 дар 527 муассисаи томактабӣ 49,3 ҳазор кӯдак тарбия меёфт. Соли 1974 дар вилоят 853 китобхонаи оммавӣ, 8 музей, 2 театр, 1250 клуб, 1184 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 27 қаср ва хонаи пионерон ва ғайра кор мекард. Газетаҳои вилоятии «Пензенская правда» (аз 1917) ва «Молодой ленинец» (аз 1920) нашр мешаванд. Барномаҳои радио, намоишҳои телевизионӣ маркази шунавонида ва намоиш дода мешаванд. Соли 1974 дар вилоят 151 муассисаи табобатии дорои 15,2 ҳазор кат (10,1 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ) буд, ки дар онҳо 2,7 ҳазор духтур (1 духтур ба 551 нафар аҳолӣ) кор мекард. Вилоят 7 санатория, 5 хонаи истироҳатӣ дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …