Маълумоти охирин
Главная / Теги: Меъморӣ (страница 2)

Теги: Меъморӣ

Оқсарой дар Самарканд

Оқсарой, ёдгории мёъморӣ дар Самарканд (асри 15). Дахмаи сулолаи Темуриён. Баъди он ки дар Ишратхона ва мақбараи Гӯри Мир барои дафни амирзодаҳо дигар ҷой на­монд, Абӯсаид (1449—69) ва Султон Аҳмад Мирзо (1469—94) Оқсаройро сохтанд. Мақбара аз хишти пухта сохта шуда, бо гач пардоз ёфтааст. Оқсарой аз як толори калон ва …

Муфассал »

Оқсарой

oksaroy

Оқсарой, ёдгории меъморӣ дар Шаҳрисабз (асри 14). Дар қисми шимоли шарқии шаҳр, дар майдони калон воқеъ буда, аз он пештоқи бо- ҳашамат ва як қисми сарой боқӣ мондааст. Тоқи ин пештоқ, ки 200 сол пеш вайрон шудааст, 22,5 метр бар ва 40 метр баландӣ дошт. Баландин ху­ди пештоқ ба 50 …

Муфассал »

Оғил

oqil

Оғил, оғол, 1) ҷоест, ки гов, гӯсфандон ва дигар чорпоёнро нигоҳ медоранд; сутургоҳ, молхона; 2) хонаи занбӯр, занбӯрхона.

Муфассал »

Оғзикичик

Оғзикичик, м а ғ о р а, қароргоҳи мансуб ба ҳазораҳои 50—40 то метр, ки 25 километр шимоли шарқи Данғара дар доманаи ағбаи Гулизиндон дар баландии 1400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Солҳои 1970—77 В. А. Ранов тадқиқ намуд. Масоҳати умумии ҳафриёт 200 метр2. Қабатҳои маскун аз як қатор …

Муфассал »

Ошхона

oshxona

Ошхона, қароргоқи одамони асри санг, ки дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Паси Олой, дар соҳили шохоби чапи дарёи Уйсу — дар Ошхонаҷилга ва 15 километр дуртар аз пиряхи Уйсу, 30 километр дуртар аз қуллаи Ленин воқеъ аст. Солҳои 1958—60 бостоншиноси советӣ В. А. Ранов …

Муфассал »

Отел

otel

Отел (франсавӣ hotel), 1) дар меъмории франсавӣ — хонан алоҳида дар шаҳр. Дар асри 16—17 хонаи зисти аристократия, одатан ҳавлиҳои хиз- матрасон дошт. 2) Биноест барои мусофирон; меҳмонхона.

Муфассал »

Остонабобо

ostonabobo

Остонабобо, ёдгории меъмории асри 12 дар деҳаи ҳамноми pайони Кар­кии вилояти Чорҷӯи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. Дар байни аҳолии маҳаллӣ бо номи Мазори Остонабобо, Мақбараи Зайдалию Зубайдалӣ, Мақбараи хамсарон Убайду Зубайд а машҳур аст. Остинбобо  чор гунбаз дорад. Асоси Остонабобо аз ду қисм — масҷид ва «девонахона» иборат аст (ҳар …

Муфассал »

Панҷараи кристалӣ

panjarai_kristali

Панҷараи кристалӣ, шакли фазоиест, ки дар кристаллҳо ва ҷисмҳои кристаллӣ ботартиб ҷойгир шудани атомҳо, ионҳо ва молекулаҳоро нишон медиҳад. Панҷараи кристалӣ аз ячейкаҳои элементарие иборат аст, ки дар се самт даври такрор мешаванд ва сохти томи кристаллро ба вуҷуд меоранд. Ячейкаи элемеитарӣ вобас­та ба симметрияи кристалл шакли параллелепипеди каҷкунҷа ё …

Муфассал »

Панҷараи дифраксионӣ

panjarai-difraksioni

Панҷараи дифраксионӣ, рав­зана ва монеаҳои дар фазои маҳдуд гузоштаеро номанд, ки барои ҳосил кардани диф­раксияи рушноӣ истифода мешаванд. Рав­зана ва монеаҳои бетартиб гузоштаро Панҷараи дифраксионӣ мунтазам ва бо тартиб гузошта­ро Панҷараи дифраксионӣ мунтазам меноманд. Дар оптика Панҷараи дифраксионии номунтазам татбиқи амалӣ надорад. Панҷараи дифраксионии мунтазам дар сатҳи ҳамвор ё куравӣ …

Муфассал »

Панҷара

panjara

Панҷара, Чузъи ороишиест дар санъати меъморӣ. Дар, дариҷа, равзана, байни рафу сутунҳо, айвон, зинаи биноҳои маъмурӣ, маданӣ ва ҷамъиятиро бо Панҷара оро медиҳанд. Панҷара асосан хоси меъмории Шарқ, алалхусус мамлакатҳои иқлимаш гарм аст (Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва мамлакатҳои Шарқи Наздик), ки ҳам вазифаи ороишӣ, ҳам хосияти ҳавогузарони, рушноидиҳӣ …

Муфассал »