Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оқсарой дар Самарканд

Оқсарой дар Самарканд

Оқсарой, ёдгории мёъморӣ дар Самарканд (асри 15). Дахмаи сулолаи Темуриён. Баъди он ки дар Ишратхона ва мақбараи Гӯри Мир барои дафни амирзодаҳо дигар ҷой на­монд, Абӯсаид (1449—69) ва Султон Аҳмад Мирзо (1469—94) Оқсаройро сохтанд. Мақбара аз хишти пухта сохта шуда, бо гач пардоз ёфтааст. Оқсарой аз як толори калон ва хоначаҳои хурд-хурди тоқпӯш иборат аст. Дар таги толори калон дахмае вуҷуд до­рад. Дар сохтмони Оқсарой усулу бозёфтҳои меъмории асри 15 истифода шудаанд.

Гунбази толори асосӣ ба чор равоқи калон, равоқчаҳои байни онҳо ва тоқҳои бо шарафаю лавҳаҳои гачкорӣ зинат ёфта такя мекунад. Дохили бино бо усули кундал ороиш ёфтааст: бешгар рангхои сафед, кабуд ва зарҳалӣ истифода шуда, шакли нақшҳо нафису мутаносибанд ва қариб такрор нашудаанд. Масалан, дар яке аз равоқҳо 67 хел нақши гул истифода шудааст, ки яке ба дигаре монанд нест. Ороиши қисми берунии иморат анҷом наёфтааст: устухонаи хашттарки он нотамом мондааст. Оқсарой яке аз намунаҳои нодири осори меъмории асри 15 ба шумор меравад.

         

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …