Маълумоти охирин
Главная / Теги: Кӯл

Теги: Кӯл

Кӯли САССИҚКӮЛ

САССИҚКӮЛ, кӯлест дар Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон, шарқтар аз кӯли Балхаш. Сассиқӯл дар хамии Балхашу Алокӯл, дар баландии 347 метр воқеъ аст. Масоҳаташ 736 километр2, чуқуриаш то 4,7 метр. Пастиҳои соҳили кӯл қамишзор аст. Сатҳи оби кӯл дар давоми сол то 3 метр тағйир меёбад. Ноябр ях баста, аввали апрел …

Муфассал »

Кӯли САРЕЗ

sarez

САРЕЗ, Саррез, кӯлест дар ҳудуди районҳон Рушон ва Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Дар ҷараёни поёнинд. Мурғоб (ҳавзаи Бартанг), байни қаторкӯҳхои Аличури Шимолӣ ва Музқӯл, дар баландии 3260 метр воқеъ гаштааст. Масоҳати сатҳи оби кӯл 79,4 километр2, тулаш 55,8 километр. Ҷои аз ҳама сербараш 3,3 километр; ҳисоби миёнаи чуқурй 200 …

Муфассал »

Кӯли САК

sak

САК, Саки, кӯли шӯри бастаест дар вилояти Қрими РССУ. 20 км дуртар аз шаҳри Евпатория, дар ҷануби кӯли Сассиқ, 2,1 м поёнтар аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 8,1 км2, тӯлаш 5,5 км, ҷои сербараш 3 км; чуқуриаш ба ҳисоби миёна 0,8 м. Таги кӯл қабати ғафси лойқаи минералӣ дорад. …

Муфассал »

САЙМА

e0zvc80bf9szjw7wiswf

САЙМА (Sаima), Саймак К а л о н, системаи кӯлҳоест дар ҷанубу шарқи Финляндия. Масоҳати умумиашон 4,4 ҳазор км2. Чуқуриашон то 82 м. Соҳили кӯлҳо пурпечутоби шахдор буда, бо бешаҳо пӯшида шудаанд. Ҷазираҳо бисёранд. Ба Сайма дарёҳои бисёре мерезанд. Кӯлҳо ноябр-декабр ях баста, апрел-май об мешаванд. Саймаро дарёи Вуокса бо …

Муфассал »

Кули РУДОЛФ

laketurkanasouthisland

РУДОЛФ (Rydolf), кули баста ва обаш каме шӯр дар Африкаи Шарқӣ, дар Кения. Дар пастхамии тек¬тоникӣ, дар баландии 375 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Тӯлаш 220 км, ба¬раш то 50 км, масоҳаташ 8,5 ҳазор км2. Чуқуриаш то 73 м. Ба кӯл дарёи Омо ва як қатор дарёҳои дигар мерезанд. …

Муфассал »

РИСА

123

РИСА, Рисаи Калон, кӯлест дар Кавкази Ғарби, дар Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Абхазия. Дар территорияи мамнӯъгоҳи Риса, дар баландии 950 метр воқеъ аст. Пайдоишаш пиряхию тектоникист. Масоҳати кӯл 1,49 километр2, тӯлаш 2,5 километр, бараш то 1,05 километр, чуқуриаш то 116 метр. Манбааш борону барф. Дар давоми сол сатҳи оби кӯл …

Муфассал »

РИВАККӮЛ

52724788

РИВАККӮЛ, кӯлост дар Помири Ғарбӣ, дар территорияи райони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Қӯҳистон. 35 километр болотар аз резишгоҳи дарёи Ривакдара (шохоби чапи дарёи Ғунд), дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Тӯлаш 2520 метр, бари он то 500 метр. Чуқурии Риваккӯл ба ҳисоби миёна 8,4 метр, ҷои чуқуртаринаш …

Муфассал »

Кӯли ТУРУМТАЙКӮЛ

turumtaykul

ТУРУМТАЙКӮЛ, кӯлест дар болооби дарёи Тӯққузбулоқ (ҳавзаи дарёи Рунд). 15 км дуртар аз ағбаи Қӯйтезак, дар баландии 4215 м аз соҳили баҳр воқеъаст. Кӯл дар натиҷаи бо морена банд шудани водӣ пайдо шудааст. Тулаш 6990 м, бари кӯл дар наздикии банди об 1400 м, чуқуриаш то 27 м. Масоҳат сатҳи …

Муфассал »

Кӯли ТАНГАНИКА

ТАНГАНИКА (Таnganuika), кӯлест дар Африкаи Шарқӣ, дар ҳудуди Заир, Танзания, Замбия ва Бурунди. Тӯлаш қариб 650 км, бараш 40—80 км. Масоҳат 34 ҳазор км2. Дар баландии 773 м, дар пастхамии тектоникӣ воқеъ гаштааст. Ҷои чуқуртаринаш 1470 м (пас аз Байкал дуюмин кӯли чуқуртарини ҷаҳон). Танганикаро соли 1858 сайёҳони англис Р. …

Муфассал »

Кӯли РАНГКӮЛ

rangkul

РАНГКӮЛ, кӯлест дар pайони Мурғоби ВМКБ. 10 км шарқтар аз роҳи автомобилгарди Хоруғ — Уш, дар хамии Рангкӯл воқеъ гаштааст. Ба­ландии кӯл аз сатҳи баҳр 3780 м. Тӯлаш 5 км, бараш 2,4 км. Масоҳати сатҳи кӯл 10 км2, ҳаҷми об 0,006 км3, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 0,5 м, ҷои чуқуртаринаш …

Муфассал »