Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ботаника (страница 5)

Теги: Ботаника

ШАНБАЛИД

shanbalid

ШАНБАЛИД, гули шанбалид, шамлит, шамбалид, шанбала, хасбеда (Trigonella foenum-graecum), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Аз 10 то 70 см қад мекашад. Баргаш думчадор (дарозиаш 4,5—5,5 см), мураккаб (аз баргчаҳо иборат аст), гулаш парвонашакли зард, бӯи хосае дорад. Фирдавсӣ гуфтааст: Зи наздик чун тарки Рустам бидид, Ва рухсор шуд чун гули …

Муфассал »

ШАМШОДИҲО

shamshod

ШАМШОДИҲО, шумшодҳо (Buxaceae), оилаи бутта ё дарахтони хурди ҳамешасабзро гӯянд. Тақр. 6 чинс (қариб 40 намуд)-и Шамшодиҳо асосан дар ноҳияҳои субтропикӣ ё тропики ва баъзеашон дар ноҳияҳои иқлимашон муътадил мерӯянд. Дар СССР 2 чинси худрӯй ва 3 ҷинси мазрӯи Шамшодиҳо месабзанд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон 2 ҷинси Шамшодиҳо (шамшод ва …

Муфассал »

ШАМШОД

shamshod

ШАМШОД, 1) шумшод (Buxus), як ҷииси бутта ё дарахтони хурди ҳамешасабзеро гуянд (аз оилаи шамшодҳо). Баргаш думчакӯтоҳ, гулаш майдаи бегулбарг. Мевааш ғӯзаи сеқирраи тухмдор, тухмаш сиёҳи байзашакл. Дар СССР 2 намуди худрӯй — В. colchica (Кавкази Ғарбӣ) ва В. hyrcana (Талыш) ва 4 намуди мазрӯи Шамшод месабзад. Ҳама намуд ва …

Муфассал »

ШАМШЕРГИЁҲ

shamshergiyoh

ШАМШЕРГИЁҲ (Cladium maris-cus), гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи решаиҳо. Дар бехаш чим ҳосил мешавад. Решапояаш мустаҳкам, сернавда. Пояаш сербарг, то 200 см қад мекашад. Баргаш дурушт, борик (бараш 5—15 мм), шамшершакл. Хӯшагулаш сершумор, чатршакл ё ҷорӯбакмонанд. «Чормағзак»-аш байзашакл, ҷилодор. Моҳҳои июнь — июль гулу мева мекунад. Асосан дар ҳамвориҳо, соҳили дарьёҳо, …

Муфассал »

ШАЛҒАМЧА

shalghamcha

ШАЛҒАМЧА (Raphanus sativus var. raducula), як навъ сабзавот, шалғаммонандро гуянд; гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи чилликгулҳо. Шалғамчаи яксола (навъҳои европоӣ) соли кишт бех ва тухм мебандад ва дусола (навъҳои хитоӣ, японӣ — навъҳои тирамоҳӣ) соли кишт бех баста, соли дигар гул мекунад. Бехмеваи навъдаи Шалғамча гуногуншакл (шалғаммонанд, лунда, зуғуташакл, …

Муфассал »

ШАЛҒАМ

shalgham

ШАЛҒАМ, салҷам, лифт (Вгав-slca гера), гиёҳи дусолаест аз оилаи чилликгулҳо. Як навъ бехмеваи турбмонанди хурданист. Шалғам соли якум барг мебарорад, соли дуюм гул карда тухм мебандад. Шалғами худрўй маълум нест. Taxмин мекунанд, ки Шалғам дар кишварҳои Осиёи Пеш пайдо шудааст. Дар Юнони Қадим Шалғам чун маҳсулоти хурокворӣ ҷои 3-юмро (баъди …

Муфассал »

ШАКАРОБАК

angur1

ШАКАРОБАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш муътадил месабзад. Баргаш миёна, байзашакл, гулаш дуҷинса, хушааш миёна (ба ҳисоби миёна 150 г), донааш лунда, сабзтоб, хеле сершираи ширин (қандаш 19—20%), пусташ ғафс (1—4 то тухм дорад). Даври нашваш то 160 рўз. Нимаи якуми сент. ба пурра пухтан cap мекунад. Камҳосил (60—80 ц/га). …

Муфассал »

ШАКАРМУРУД

murud

ШАКАРМУРУД як навъ муруди маҳаллист. Махсусан ду хели он (Шакрмуруди ғармӣ ва заҳматободӣ) маъмул аст. Шакармуруди заҳматободӣ навъи қадимаи муруд аст. Дарахташ 8—12 м қад мекашад. Мевааш калон (андаряк 166—170 г), лунда, пусташ зард, хушбўй, ширин ё андак нордон. Авв. моҳи сент. мепазад; 15—20 рўз нигоҳ доштан мумкин. Дарахти 40-солаи …

Муфассал »

ШАКАРАНГУР

angur

ШАКАРАНГУР, очабача, мавизӣ, як навъ ангури маҳаллист. Асосан дар вил. Ленинобод ва водии Ҳисори РСС Тоҷикистон ва инчунин вил-ҳои Андиҷон, Фарғона ва Тошкенти РСС Узбекистон ва соҳилҳои ҷанубии Қрим. маъмул аст. Токаш тезсабз, Баргаш 3— 5-парра, хушааш калон (вазнаш 1Э0 —380 г). Донааш калон, сершираи ширин, пӯсташ тунук, баъди пухтан …

Муфассал »

ШАБУШАК

shabushak

ШАБУШАК (Thlaspi arvense), гиёҳи яксолаест аз оилаи чилликгулҳо. Аз 3 то 70 см қад мекашад. Гулаш майда, сафедтоб. Мевааш ғилофаки гирда, сертухм. Тухмаш майдаи сиёҳтоб (вазни 1000-тоаш 1,25—1,75 г). Як бех Шабушак то 10 ҳаз. дона тухм мебандад. Тухми Шабушак дар хок қобилияти сабзиши худро 7—10 сол нигоҳ медорад. Шабушак …

Муфассал »