Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАКАРМУРУД

ШАКАРМУРУД

murud

ШАКАРМУРУД як навъ муруди маҳаллист. Махсусан ду хели он (Шакрмуруди ғармӣ ва заҳматободӣ) маъмул аст. Шакармуруди заҳматободӣ навъи қадимаи муруд аст. Дарахташ 8—12 м қад мекашад. Мевааш калон (андаряк 166—170 г), лунда, пусташ зард, хушбўй, ширин ё андак нордон. Авв. моҳи сент. мепазад; 15—20 рўз нигоҳ доштан мумкин. Дарахти 40-солаи Шакармуруд андаряк 180—213 (баъзан то 500) кг ҳосил медиҳад. Ниҳоли он баъди 8—9 соли кучат ба ҳосил медарояд. Бештар дар водии дарьёи Фон ва баъзе деҳаҳои раёнҳои Мастчоҳ ва Айнӣ мепарваранд. Шакармуруди ғармӣ низ хеле маъмул аст. Дарахташ аз 6 то 17 м қад мекашад. Мевааш калон (андаряк 176—190 г), пусташ сабзи ҷилодор, хушбўй, ширин ё андак нордон (11% қанд, 0,17% ҷавҳар ва 1 мг% витамини С дорад). Он баъди 7—8 соли кучат ба ҳосил медарояд. Дарахти 30-солаи Шакармуруд 180—200 (баъзан то 900) кг ҳосил медиҳад. Онро асосан дар Ғарму Ҷиргатол мепарваранд.

 

Ад.: Қосимов М., Навъҳои маҳаллии муруду нокҳо, Д., 1971.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …