Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 10)

Теги: асар

ТАЪРИХИ МУҚИМХОНӢ»

ТАЪРИХИ МУҚИМХОНӢ» асари таърихии Муҳаммадюсуфи Муншӣ. «Таърихи Муқимхонӣ» дар солҳои ҳукмронии ҳокими Балх Абдулмузаффар Муҳаммад Муқимхон (1702 —07) навишта шудааст. Бобҳои алоҳидаи асар масъалаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёСИИ вилояти Балхро дар бар мегирад. «Таърихи Муқимхонӣ» инчунии роҷеъ ба таърихи хонҳои Бухоро, хусусан сулолаи Аштархошиён, муносибати байниБухоро ва Балх …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ МУШРИФ»

«ТАЪРИХИ МУШРИФ» асари таърихии муаррихи тоҷик (охири асри 19— аввали асри 20) Олимхоҷа ибни Мирзо Сайидхоҷаи Мушрифи Бухороист, ки тақрибан солҳои 1910—15 ба тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Мушриф» аз ду қисм (китоб) иборат аст. Қисми 1 дорои 23 фасл буда, фасли 1 ба таърихи пайғамбарон, фаслҳои 2— 3 ба таърихи …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ МУЛУКИ АҶАМ» – асари Алишери Навоӣ

«ТАЪРИХИ МУЛУКИ АҶАМ» асари таърихии Алишери Навоӣ, ки ба шоҳони қадими Аҷам — Эрон бахшида шудааст. Дар он таърихи ҳукмронии сулолаҳои Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Эрони Сосонӣ (то истилои араб) баён гашта, қисман дар бораи таърихи Осиёи Миёна ва ҳокимони он маълумот дода мешавад. «Таърихи мулуки аҷам» дар асоси омӯзиш …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ МАНСУРӢ»

«ТАЪРИХИ МАНСУРӢ» (номи пуррааш «Ат-Таърих-ул-«Ман- сурӣ талхис-ул-Кашф в-ал-баён фӣ ҳаводис-из-замон»), асари таърихии дабир ва муаррихи араб Муҳаммад ибни Алии Ҳамавист, ки таълифаш апрели 1234 ба анҷом расидааст. «Таърихи  Мансурӣ» хулоса (мухтасар)-и асари «Кашф- ул-баён фи ҳаводис-из-замони»-и  худи ӯст ва ба Малик Мансури Иброҳим (писари ҳукмрони шаҳри Химсаи Байнаннаҳрайн; асри 13) …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ КИРМОН»

«ТАЪРИХИ КИРМОН» асари таърихии муаррих ва адиби асрҳои 12—13 форс-тоҷик Афзалуддин Абӯҳомид ибни Ҳомиди Кирмонӣ маъруф ба Афзали Кирмонӣ, ки ҳодиса ва воқеаҳои сиёсию таърихии замони ҳукмронии Салҷуқиёнро дар бар мегирад. Асар соли 1189 ба забони тоҷики таълиф шуда, аз 5 боб иборат аст. Боби 1 аз таърихи ҳукмронии Салҷуқиён …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ГУЗИДА»

«ТАЪРИХИ ГУЗИДА» асари таърихии ҷуғрофидон, муаррихи номии форс-тоҷик Муставфии Қазвинӣ, ки солҳои 1329—30 ба забонӣ форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи гузида» ба ҳукмрони ҳамонвақта Хоҷа Ғиёсуддин Маҳмуд — писари Рашиддудин Фазлуллоҳ бахшида шудааст. Китоб аз муқаддима, шаш боб, ки ҳар боб чанд фасл дорад ва хотима иборат аст. Бобҳои алоҳидаи асар …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ВОСИТ»

«ТАЪРИХИ ВОСИТ» асари таърихии Ҷаъфар ибни Муҳаммад, ки соли 1417 таълиф ва ба Шоҳрух (ҳукмронӣ 1404—47) бахшида шудааст. Асар аз муқаддима ва 7 боб иборат аст. Боби 1-ум ба масъалаҳои давраи тоисломӣ, боби 2-юм ба Муҳаммад ва хулафои аввал боби 3-юм ба таърихи Умавиён, боби 4-ум ба Аббосиён ва сулолаҳои …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ВАССОФ»

«ТАЪРИХИ ВАССОФ» (номи пуррааш: «Таҷзият-ул-амсор ва таҷзият-ул-аъсор» — «Тақсими шаҳрҳо аз гузашти асрҳо»), асари Вассофи Шерозӣ» солҳои 1298—1302 ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. Як қисми «Таърихи Воссоф» ба Ғазонхон (ҳукмронӣ 1295—1304) ва қисми дигари он ба бародари Разонхон — Улҷайту (ҳукмронӣ 1304—18) ва Абӯсаиди Баҳодур, ки аз шоҳони Эрон буданд, …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БУХОРО» – «Таърихи Наршахӣ»

«ТАЪРИХИ БУХОРО» «Таърихи Наршахӣ», асари таърихи, таълифи Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ ба забони арабӣ (943—944). Бо номҳои Таърихи Наршахии нав (ҷадид), Ахбори Бухоро, Таҳқиқи вилояти Бухоро низ машҳур аст. Тасвири батафсили ҳодисаҳои давраи Сомониён ва воқеаҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки асар бо супориши махсуси Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ (942—954) …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БАНОКАТӢ»

«ТАЪРИХИ БАНОКАТӢ» асари Банокатӣ, ин соли 1317 ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф кардааст. Мазмуни асарро воқеа ва ҳодисаҳои таърихию асотирии аз давраи ҳазрати Одам то давраи муаллиф ташкил медиҳад. «Таърихи Банокатӣ» аз муқаддима ва нӯҳ боб (қисм) иборат аст. Боби аввал ба таърихи анбиёю авлиё, боби дуюм ба таърихи подшоҳони қадими …

Муфассал »