Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИДДИҚ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон

СИДДИҚ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон

СИДДИҚ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон (1833, Кануҷ, Барейли—20. 2. 1890, Бҳӯпол), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар Бҳӯпол зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба забонҳои форсӣ (45 асар), арабӣ (74 асар) ва урду (103 асар) эҷод намудааст. 197 таълифоти Сиддиқ дар матбаҳои Ҳиндустон, Миср ва Туркия ба табъ расидаанд. Тазкираи «Шамъи анҷуман»-и Сиддиқ дар омӯзиши шеъру адаби форсӣ яке аз сарчашмаи муҳим ба шумор меравад. Дар ашъори форсӣ (тоҷикиаш) «Наввоб» тахаллус кардааст. Ин шеърҳои ӯ бештар дар пайравии классикони форс-тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Урфӣ, Назирӣ, Соиб ва дигарон гуфта шудаанд. Сиддиқ дар инкишофи адабиёти форсизабони Ҳиндустон (Бҳупол) саҳми арзандае дорад.

А. Ғаффоров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …