Маълумоти охирин

ШУЛАШ

ШУЛАШ, гулафшон, арғувони куҳӣ, истак (Cercie grif-fibhii), як навъ дарахти хурди арғувонмонандест аз оилаи лубиёҳо. Аз 3 то 10 м (диаметри танааш 6— 15 см) қад мекашад; сершоху сербарг аст. Пустлохи танааш дорчинии сиёҳтоб, шохчаҳои наврасаш буртоб. Баргаш гирдаи гурдашакл (дарозиаш 4—7 см, бараш 5—12 см), гулаш бунафши гулобӣ ё арғувонӣ (дарозиаш то 1,5 см), ғилофакаш кушодашавандаи якпалла (дарозиаш то 12 см, бараш то 2,6 см), 10— 14-то тухм дорад. Тухмаш лунда ё байзашаклт сиёҳтоб, ҷилодор (дарозиаш то 0,6 см, бараш 0,5 см); вазни 1000-тоаш 50 г. Март — апр, гул мекунад; даврап гулаш 18—27 рӯз. Одатан баъди гулпартоӣ барг мабарорад. Мевааш дар давоми 18—27 рӯз (авг.) мепазад; дар муддати 2— 3 сол аз дарахт намерезад.

Ш. дар СССР (Помиру Олой, Тиёншон, Кабуддоғ, Кавказ), Эрон ва Афғонистан меруяд. Шулашзорҳои Тоҷикистон асосан дар нишебиҳои ҷан. Қ-куҳҳои Қаротегин, Вахш, Дарвоз ва Пётри 1 (1000—2200 м аз с. б.) ҷойгиранд. Бештар дар ҷангалзори гармсер (шибляк) бо писта, бодом, дулона, тилох, настаран, арча, фарк ва ғ. ҳамроҳ месабзад.

Ш. дар шароити табиии республика аз тухм зиёд мешавад. Ниҳоли  Ш. хеле суст нуму меёбад (мас., Ш.-и 2-сола то 8—10 см қад мекашад). Дар парвардахона нисбатан тез месабзад; Ш.-и 2-сола 35—100 (баъзан то 160) см қад мекашад. Ш. то 150 сол месабзад.

Солҳои охир Ш.-ро дар бисьёр хоҷагиҳои ҷангали республика мепарваранд. Шулашзор нишебиҳоро аз обшӯй шудан боз медорад. Одатан ниҳоли 4—5 солаи Ш.-ро кучат мекунанд. Ш. дарахт» хеле зебост (алалхусус дар айёми гулшукуфт); шохҳои онро гулҳои арғувонӣ зич мепушанд. Ш. бисьёр кучаву хиёбонҳои Душанбе ва Ленинободро ороиш медиҳад. Ш. ҳар сол муттасил гул мекунад.

Ш. растании доруӣ низ ҳисоб меёбад. Пеш дар ҷӯшоби гули он кудаки гул (гулак) баровардаро оббозӣ медоштанд («гулафшон» мекарданд).

Ад.: Вознесенская В. Л., Волощук Ф. А., Т е м б е р г Я. Г.. Листопадные породы, дар кит.: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д,, 1965; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л., 1978.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …