Маълумоти охирин

ШОҲБАЙТ

ШОҲБАЙТ, шаҳбайт, беҳтарин байти шеър (ғазал, маснавӣ, қасида ва ғ.)-ро гӯянд, ки бо мазмуни олию барҷаста ва шакли мақбулаш аз дигар байтҳо фарқ, мекунад. Махсусан,     матлаъ ва мақтаи ғазалу қасидаҳо ба Ш. табдил ёфтаанд. Мисолҳо:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

(Рӯдакӣ)

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор

(Фирдавсӣ)

Агар он турки шерохӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

(Ҳофиз)

Ҳар кӣ бо душмани халқ равон аст чу баҳр.

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

(Сайидо)

Зиндагӣ охир сар ояд бандагӣ даркор нест,

Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.

(А. Лоҳутӣ)

Ш. Раҳмонов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …