Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Шаҳри Мадоин

Шаҳри Мадоин

МАДОИН (юнонӣ Ktesiphon, Тайсафун), шаҳри қадим дар соҳили дарёи Даҷла (наздикии ш. Бағдод дар Ироқ) Аз асри 1 то м. то аввали асри 3 м. қароргоҳи зимистонаи подшоҳони ашконӣ буд. Аз асри 2 м. Мадоинро римиён якчанд маротиба ишғол намудаанд. Аз соли 226/227 м. ба пойтахти давлати Сосониён ва яке аз шаҳрҳои калонтарину бойтарини Шарқи Наздик табдил ёфт. Солҳои 30 асри 7 шаҳрро арабҳо забт ва хароб карданд. Азбаски онҳо ба мисли Мадоин шаҳри бузургро надида буданд, онро Мадоин (ҷамъи мадина, ки маънояш шаҳр аст) — шаҳрҳо, чандин шаҳр номидаанд ва номи форсии он фаромӯш шуда, чун Мадоин шӯҳрат ёфт.

Дар соҳили шарқии Даҷла боқимондаи насри Тоқи Касро (подшоҳи Сосониён) бо айвони бузурги тоҷдор воқеъ аст, ки асри 3 б 5 аз хишти пухта бунёд гардидааст. Пеши иморат бо аркҳои сунъӣ оро дода шудааст. Дар натиҷаи ҳафриёт аз омехтаи гаҷу мармар қисмҳои ороишӣ ёфт шудаанд, ки ин ҳол дар қасидаи машҳури Ҳоқонии Шервонӣ «Хароботи Мадоин» акс ёфтааст.

МАДОР, масир, сайргоҳ, роҳи рафт, хати ҳаракат.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …