Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Шахри Мадоин

Шахри Мадоин

МАДОИН (юнони Ktesiphon, Тайсафун), шахри кадим дар сохили дарёи Дачла (наздикии ш. Багдод дар Ирок) Аз асри 1 то м. то аввали асри 3 м. кароргохи зимистонаи подшохони ашкони буд. Аз асри 2 м. Мадоинро римиён якчанд маротиба ишгол намудаанд. Аз соли 226/227 м. ба пойтахти давлати Сосониён ва яке аз шахрхои калонтарину бойтарини Шарки Наздик табдил ёфт. Солхои 30 асри 7 шахрро арабхо забт ва хароб карданд. Азбаски онхо ба мисли Мадоин шахри бузургро надида буданд, онро Мадоин (чамъи мадина, ки маънояш шахр аст) — шахрхо, чандин шахр номидаанд ва номи форсии он фаромуш шуда, чун Мадоин шухрат ёфт.

Дар сохили шаркии Дачла бокимондаи насри Токи Касро (подшохи Сосониён) бо айвони бузурги точдор вокеъ аст, ки асри 3 б 5 аз хишти пухта бунёд гардидааст. Пеши иморат бо аркхои сунъи оро дода шудааст. Дар натичаи хафриёт аз омехтаи гачу мармар кисмхои ороиши ёфт шудаанд, ки ин хол дар касидаи машхури Хоконии Шервони «Хароботи Мадоин» акс ёфтааст.

МАДОР, масир, сайргох, рохи рафт, хати харакат.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.