Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯҳҳои Скандинавия

Кӯҳҳои Скандинавия

СКАНДИНАВИЯ (кӯҳҳои Скандинавия), системаи кӯҳиест дар нимҷазираи Скандинавия, асосан дар территорияҳои Швесия ва Норвегия. Қариб ба 1700 км тӯл кашидааст, бараш дар Шимол 200—300 км, дар Ҷануб то 600 км. Ҷои баландтаринаш 2469 м (кӯҳи Галхёпигтен). Дар Скандинавия пиряхҳои калонтарини қисми материкии Европа (масоҳаташ қариб 5000 км 2) ҷой гирифтаанд. Конҳои маъдани оҳан, мис, никел, титан ва пирит дорад. Аз сабаби тезии ҷараёни об аксари дарёҳо зимистон ях намебанданд. Дар Скандинавия кӯлҳо бисёранд. Нишебии ҷанубии кӯҳҳо то баландиҳои 900—1100 м ва шимолиаш то 300— 500 м бо бешаҳои тайга пӯшида шудаанд. Дар нишебиҳои ғарбӣ бешаҳоро буттазорони васеъ ва заминҳои фарохи торфдор иваз кардаанд. Дар бешаҳо махсӯсан дарахтони коҷ ва санавбар бисёранд. Аз минтақаи тундраи кӯҳӣ 150—200 м болотар бешаҳои сираки тӯс, тундра ва марғзори кӯҳӣ воқеъ гаштаанд. Марғзоронро ҳамчун  чарогоҳҳои тобистона истифода мебаранд. Нигаред низ Скандинавия, нимҷазира.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …