Маълумоти охирин
Главная / Илм / САРҶУМЛА

САРҶУМЛА

САРҶУМЛА, қисми асосии предикативии ҷумлаи мураккаби тобеъ аст, ки мазмуну моҳияти онро дар бар мегирад. Сарҷумла бо қисми дигари ҷумлаи мураккаби тобеъ — ҷумлаи пайрав, ки ба Сарҷумла тобеъ буда, аа ҳар ҷиҳат онро эзоҳ медиҳад, як воҳиди кулли нутқ — воситаи мураккаби ахборро ташкил мекунад. Масалан: Домони уфуқ дар тарафи Когон сафедча тофта, лаппида меистод, гӯё ки дар он сӯ сӯхтори калоне давом карда истода бошад (Ҷалол Икромӣ).

zabon

Сарҷумла аз ҷиҳати сохт ва таркиби лексикии худ ҳар хел мешавад. Дар як ҳолат вай маънои мустақилро ифода карда тавонад, дар ҳолати дигар бе ҷумлаи пайрав мазмуни аниқ ва мувофиқи мақсадро дода наметавонад. Дар ҳолатҳои зерин мустақилияти маъ- ноӣ ва грамматикии Сарҷумла характери нисбӣ дорад: а) вақте ки хабари Сарҷумла бо феълҳои гузаранда ифода шавад, воқеъ гардидани объекти бевосита — ҷумлаи пайрави пуркунанда зарур мешавад: Аҳмади Дониш инчунии фаҳмид, ки сохти давлатдории аморати Бухоро аз решааш пӯсидааст (Садриддин Айнӣ); б) агар хабари Сарҷумла бо калимаҳои бешахс (аён, маълум, равшан, даркор, лозим, зарур) ифода гардад, маънои онҳо маҳз бо ёрии ҷумлаи пайрав шарҳу эзоҳ меёбад; в) калимаҳои нисбии таркиби Сарҷумла алоқаи зичи байни Сарҷумла ва ҷумлаи пайравро таъмин менамоянд; г) агар исмҳои таркиби Сарҷумла артикли номуайянии -е ё шумораши «як» гиранд, истифодаи ҷумлаи пайрави муайянкунанда ногузир мешавад; д) калимаҳои ишоратии ҷуфти дар Сарҷумла ва ё ҷумлаи пайрав омада (чи қадар ки… ҳамон қадар, чи хеле ки… ҳамон хел, чунон ки… инчунин, дар куҷое, ки… ҳамон ҷо ва ғайра) задаи мантиқӣ гирифта. ифодаи якҷояи Сарҷумла ва ҷумлаи пайрав (давоми мантиқии фикр)-ро зарур мегардонанд: Дар роҳи илм ҳар қадар ки риёзат ва азоб кашӣ, ҳамон қадар фоида мебарӣ (Садриддин Айнӣ).
Адабиёт.: Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис, Душанбе. 1970; Атобуллоев С., Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо чумлаҳои пайрави мубтадо ва хабар, Душанбе, 1974; 3 и к р и ё е в Ф., Ҷумлаҳои пайрави тарзи амале, ки калимаҳои ҳамнисбати таркиби сарҷумларо эзоҳ медиҳанд, дар маҷмӯаи: Баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик, Ленинобод, 1968.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …