Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНТАЛҲО

САНТАЛҲО

САНТАЛҲО, яке аз сершумортарин халқҳои мунда, ки дар Ҳиндустон (асосан дар Биҳор, инчунин дар ғарби Бангола ва Орисса) зиндагӣ мекунанд. Шумораашон 44.70 ҳазор нафар (1978) Забонашон санталист, ки ба гурӯҳи забонҳои мунда дохил мешавад.

737px-santali_dance_photo

Диндорон пайрави ҳиндуия буда, беша, кӯҳ ва амсоли инҳоро низ мепарастанд. Дар сохти ҷамъиятии Санталҳо унсурҳои муносибатҳои ҷамоаи ибтидоӣ боқӣ мондаанд. Машғулияти асосии аҳолӣ деҳқонӣ буд, инчунин бо шикор ва ҷамъоварии , беху меваи хӯрданибоб машғуланд. Аксарияти Санталҳо дар плантасияҳо, корхонаҳо, конҳои ангишт, бандарҳо кор мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …