Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕХТАГАРӢ

РЕХТАГАРӢ

РЕХТАГАРӢ, просесси технологиест иборат аз гудохтани металлу хӯлаҳо, ба қолиб рехтани фулузоти моеъ ва ҳосил кардани маснуоти гуногун. Деталҳои рехтаро дардастгоҳҳои металлкоркунӣ, муҳаррикҳои дарунсӯз, насосҳо, турбинаҳои буғию гидравликӣ, дастгоҳҳои прокат, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, автомобилу трактор- ҳо, вагону локомотивҳо ва ғайра истифода мебаранд. Маснуоти рехтаи металлу хӯлаҳои ранга ба миқдори зиёд дар авиасия, саноати мудофиа, асбобсозӣ истифода мешавад.

ohangari

Ғулбаҳои водопроводу канализасия, ваннаю радиаторҳо, дегҳои гармкунӣ ва ғайраро низ бо роҳи Рехтагарӣ тайёр мекунанд. Барои ҳосил кардани деталҳои рехта асосан чӯян, пӯлоди карбондору легиронидашуда, хӯлаҳои мис, алю- миний, руҳ, магний ва ғайра истифода мешаванд. Истеҳсоли маснуоти рехта аз қадим маълум аст (аз ҳазорсолаҳои 2—1 то милод); дар Хитой, Ҳиндустон, Бобулистон, Миср, Юнон, Рим олоти ҳарбӣ, ашёҳои динӣ, санъат ва маишӣ мерехтанд. Дар асрҳои 13—14 Византия, Венесия, Генуя, Флоренсия бо маснуоти рехтаашон машҳур гардиданд. Дар давлати Рус асрҳои 14—15 аз биринҷию чӯян тӯп, гулӯла ва зангӯлаҳо (дар Урал) мерехтанд. Дар асрҳои 16—18 дар Рехтагарии 0сиёи Марказӣ ба истеҳсоли аслиҳаи ҷангӣ диққати калон медоданд, то охирҳои асри 19 дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Хева бо роҳи Рехтагарӣ асосан асбобу анҷоми рӯзгор тайёр карда мешуданд. Баъди дар 0сиёи Марказӣ маъмул гардидани маҳсулоти Рехтагарӣ заводҳои Россия Рехтагарии маҳаллӣ аз равнақ монд. Корҳои Д. Бернулли, Л. Эйлер, М. В. Ломоносов барои коркарди технологияи Рехтагарӣ ва такомули он заминаи хубе гардиданд. Дар инкишофи истеҳсолоти Рехтагарӣ корҳои илмии Д. Т. Менделеев аҳамияти калон доштанд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ истеҳсолоти Рехтагарӣ бемайлон тараққй кард: соли 1922 истеҳсоли рехтаҳо аз алюминий, соли 1929 аз магний ба роҳ монда шуд. Сехҳои рех- тагарии нав ба нави ба дараҷаи баланд механиконидашуда, ки соле то 100 ҳазор тонна рехтаҳои гуногун ҳосил карда метавонанд, ба кор андохта шуданд. Просесси Рехтагарӣ гуногунранг аст ва ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: аз рӯи тарзи пур кардани қолибҳо — Рехтагарии муқаррарӣ, Рехтагарии марказгурез, Рехтагарии таҳти фишор; аз рӯи тарзи тайёр кардани қолибҳо — Рехтагарӣ ба қолибҳои яккарата (фақат барои якбор ҳосил кардани рехта хизмат мекунанд), Рехтагарӣ ба қолибҳои бисёркаратаи сафолӣ ё гилию регӣ (дар чунин қолибҳо то 150 бор рехта ҳосил кардан мумкин), Рехтагарӣ ба қолибҳои металлии доимӣ (дар онҳо то чанд ҳазор бор реҳта ҳосил кардан мум- кин аст). Просесси технологии Рехтагарӣ амалиёти зеринро дар бар мегирад: тайёр кардани масолеҳ ва қолибҳо, гудохтани металл ва ба қолиб рехтани он, хунук кардани металл, аз қолиб ҷудо карда гирифтанн маснуоти рехта, тоза кардани рехтаи металлӣ, коркарди термижӣ ва пардоз. Барои кам кардани корҳои душвор ва муҳайё намудани шароити муътадили санитарию гигиении меҳнат дар сехҳои Рехтагарӣ василаҳои гуногуни механиконӣ ва автоматонии просессҳои технологию амалиётҳои нақлиётиро истифода мебаранд. Дар заводи «Тоҷиктекстилмаш»-и ба номи Ф. Э. Дзержинский Душанбе, заводи «Тоҷик-гидроагрегат», заводи арматураи ба номи С. Орҷоникидзе ва дигар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо усулҳои Рехтагарӣ деталҳои гуногун тайёр карда мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …