Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ СОЯГӢ

РАСТАНИҲОИ СОЯГӢ

РАСТАНИҲОИ СОЯГӢ, растаниҳое (асосан растаниҳои гармипарвар, дарахтӣ ва гиёҳҳое, ки дар сояи дарахти ҷалғӯза нумӯ мекунанд)-ро гӯянд, ки ба соя тоб меоранд, вале дар офтобрӯя ҳам хеле хуб нашъунамо ёфта метавонанд. Вобаста ба синну сол, инчунин дар баландиҳо, кӯҳҳо, иқлими нисбатан хушк қобилияти соятобовариашон паст мешавад. Дар чунин растаниҳо просесси фотосинтез суст мегузарад. Баргҳои Растаниҳои соягӣ як қатор хусусиятҳои анатомию морфологӣ доранд: паренхимаи исфаиҷӣ ва сутунчашаклашон суст дифференсиатсия шудааст, шумораи хлоропластҳо дар ҳуҷайраҳояшон нисбатан каманд (10—40 дона). Як қатор растаниҳои ин гурӯҳ, ки дар зери дарахтҳои беша месабзанд, баҳорон то барг баровардани дарахтҳо аз ҷиҳати физиологӣ равшанипарвар буда, тобистон, вақте ки дар зери сояи шоху барги дарахтҳои беша мемонанд, соятобовар мешаванд.

r-soyagi

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …