Маълумоти охирин

Перм

Перм (1940-1957— Молотов), шаҳр маркази вилояти Перми РСФСР. Дар қисми марказии вилоят, дар ҳар­ду соҳили дарё Кама воқеъ гардидааст. Узели нақлиёти роҳи оҳан, дарёӣ, ав­томобилӣ ва ҳавоӣ. Аҳолиаш 1028 ҳазор нафар (1982). Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ шаҳр ба маркази калони саноат табдил ёфт. Соҳаҳои иидустрияи вазнин, пеш аз ҳама мошинсозӣ (таҷҳизот барои саноати металлургӣ ва ҷангал, таҷҳизоти кон), истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ, мотору дастгоҳҳо, киштиҳои дарёгард, велосипед, телефон ва ғайра ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои калонтаринаш заводҳои мошинсозии ба номи В. И. Ле­нин ва Ф. Э. Дзержинский, моторсозии ба номи Я. М. Свердлов ва заводи кабел.

Пери маркази муҳими истеҳсоли маҳсулоти химиявист. Нуриҳои фосфорӣ, кислотаи сулфат, моддаҳои рангкунанда ва маҳсулоти гуногуни саноати нефту химия истехҳол менамояд. Комбинатҳои коғаз, чӯбу тахта ва хонасозии он дорои аҳамияти ка­лони саноатианд. Дар Перм саноати. Дар давраи Перм ҳаракатҳои хӯрокворӣ ва сабук тараққӣ кардааст, Комбинати калони полиграфӣ, фабрикаи асбобҳои мусиқии клавишдор ва дар ҳудудии шаҳр, ғайр аз чанд стансияи электрии олавӣ, ГЭС-и Кама воқеъ аст. Шаҳр 6 мактаби олӣ (университет, институтҳои политехникӣ, тиббӣ, фармасевтӣ, хоҷагии қишлоқ, педагогӣ), 20 мактаби миёнаи махсус, театрҳои опера ва балет, драма, лухтак, тамошобини ҷавон, филармония ва сирк дорад. Ёдгориҳои барҷастаи меъмориаш: калисои ҷомеи Петропавловск (1757— 1764), дайри Спасо-Преображенск (1798—1832) ва ғайра.

Соли 1723 дар ҷои деҳаи Ягошиха заводи мисгудозӣ ва посёлкаи аҳолинишин бунёд гардид. Соли 1781 ин по­сёлка ба шаҳри Перм табдил ёфт. Аз миёнаҳои асри 19 Перм маркази тиҷорат ва бандари дарёи Кама. Шаҳр бадарғагоҳи маҳбусони сиёсӣ буд. Соли 1835 А. И. Герсен, солҳои 1880—1881 В. Г. Короленко на дигаронро ба ин ҷо бадарға кардаанд. 6 декабри 1917 дар Перм Ҳокимияти Советӣ барпо гардид. Дар Перм солҳои 1873—1877 ихтироъкунандаи радио Л. С. Попов ва солҳои 80-уми асри 19 нависанда Д. Н. Мамин-Сибиряк таҳсил ва зиндагӣ кардаанд. Шаҳр бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1971).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …