Маълумоти охирин

Павели 1

Павели 1 (1. 10. 1754, Петер­бург —24. 3. 1801, ҳамон ҷо), императори Россия (1796—1801). Писари Пётри III ва Екатеринаи II. Дар ибтидои ҳукмронии худ Павели I бисёр қонуну қоидаҳои Екатерина ҷорӣ кардаро тағйир дод, вале дар корҳои дохили мамлакату сиёсати Екатеринаи 11-ро пеш гирифт. Павели I манфиати помещикону феодалонро ҳимоя ме­кард. Хуруҷи деҳқононро бераҳмона фурӯ менишонд.

Дар армия аз рӯи тартиботи ҳарбии Пруссия ислоҳот гузаронд, дар ҷангҳои коалисионии зидди Франсия иштирок кард. Аммо зиддияти байни Павели I ва иттифоқчиёни ӯ (Австрия ва Англия) ва умеди вай ба он, ки Наполеон худаш музаффариятҳои револютсияи Франсияро барҳам медиҳад, ӯро ба наздикшавӣ бо Франсия оварда расонд. Хӯрдагирии разилонаи Павели I, феълу атвори ноустувори ӯ дар байни дарбориён норизигӣ ба амал овардаанд. Ин норозигӣ боз аз он сабаб авҷ гирифт, ки муносибатҳои тиҷоратии Россия ва Англия дар натиҷаи тағйир ёфтани сиёсати берунӣ халалдор шуданд. Павели I дар арафаи шаби 12 марти 1801 дар қалъаи Михайловск аз тарафи суиқасдчиён кушта шуд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …