Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Параллакс

Параллакс

Параллакс (юн. рагаllaxis—тамоюл), дар натиҷаи дигар шудани вазъи мушоҳид зохиран тағйир ёфтани мавқеъҳои нисбии предметҳоро гӯяанд. Параллакс дар асбобҳои оптикӣ (масалан, микроскоп) ҳангоми дар пеши окуляр ҳаракат кардани чашми мушоҳид дар мавриди бо ҳамвории тасвире, ки объектив медиҳад, рост наомадани тури сарҳисоб ё риштаи андозагирӣ зоҳир мешавад.

Дар астрономия Параллакс гуфта, ҷойивазкунии зоҳирии чирмҳоро дар гунбади осмон меноманд, ки дар натиҷаи ҷойивазкунии мушоҳид дар фазо ба амал меояд. Ҷойивазкунии мушоҳид бошад, дар навбати худ натиҷаи чархзании шаборузии Замин (Параллакси шаборӯзӣ), гардшии Замин дар атрофи Офтоб (Параллакси солона) ва ҳаракати системаи Офтоб дар галактика (П.-и асрй) мебошад. Дар асоси қиматҳои саҳеҳ муайян кардашудаи Параллакси чирмҳои осмонӣ ё гурӯҳи чармҳои мунир масофаи онҳоро чен мекунанд. Дар астрономияи классикии Шарқ истилоҳи ихтилофи манзар ба маънои Параллакс истифода мешуд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …