Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Папанин Иван Дмитриевич

Папанин Иван Дмитриевич

Папанин Иван Дмитриевич (таваллуд 26. 11. 1894, Севастопол), муҳаққиқи советии Арктика, доктори илмҳои география (1938), контрд-амирал (1943), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1937, 1940). Аъзои КПСС аз соли 1919. Солҳои 1918-1920 дар ҷангҳои гражданӣ дар Украина ва Қрим фаъолона иштирок кард.

Солҳои 1923-1932 дар Комиссариати хаққии алоқа кор мекард. Солҳои 1932—1933 ба стансияи қутбии бандаргоҳи Тихая (дар Замини Франс Иосиф), 1934—1935 ба стансияи қутбии димоғаи Челюскил ва 1937—1938 ба аввалин стансияи шинокунандаи «Се­верный полюс» («СП-1») роҳбарӣ на­муд. Солҳои 1939—1946 сардори Шӯъбаи роҳҳои баҳрии Шимолӣ, 1948—1951 ҷонишини директори Институти океанологияи АФ СССР оид баэкспедитсияҳо, аз соли 1951 сардори Шӯъбаи экспеди­тсияи баҳрии АФ СССР ва дар як вақт (1952—1972) директори Институти биологияи обҳои дохилии АФ СССР буд.

Аз с. 1945 пнцоннб раиси Фили- али москвагии ^амъияти геогра­фии СССР. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 1—2). Бо 8 ордени Ленин, ордени Револютсияи Ок­тябр, 2 ордени Байрақи Сурх, орде­ни Нахимов (дараҷаи 1), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шу­дааст. Димогае дар нимҷазираи Таймир, кӯҳҳои Антарктида ва кӯҳи зериобии уқёнуси Ором номи ӯро гирифтаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …