Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Панҷаи Алӣ

Панҷаи Алӣ

Панҷаи Алӣ (Digitalis), ҷинси гиёҳҳои ду ва бисёрсола, нимбутта ва буттаеот аз оилаи астармолаиҳо. Пояи рост, барги дарозрӯяи нештаршакл, гули калони зигоморфии зард, сафед ва арғувонӣ, ғӯзаи байзашакли дупаллаю сертухм дорад. Дар Европа, Африкаи Шимолӣ, Осиёи Хурд ва Эрон 36 намуди П. А. мерӯяд. Дар СССР (Кавказ, Қисми европоӣ ва Сибири Ғарбӣ) 6 намуди худрӯи Панҷаи Алӣ месабзад. Вай асосан дар бешаҳои паҳнбаргу омехта ва марғзор мерӯяд.

Баъзе намуди Панҷаи Алӣ заҳрнок аст, махсусан баргашон гликозиди зиёде дорад. Аз барги хушки D. Purpurea, D. grandiflora (ниг. расм), D. Lanata, D ferruginea  ва  ғайра доруҳои дигитоксин, гитоксин, гитален, кордигит, селанид, дитоксин, абитсин, диланизид тайёр мекунанд. Онҳо барои табобати бемориҳои дил истифода мешаванд. Панҷаи Алиро дар кишварҳои Краснодар ва Сибири Ғарбӣ (D. Purpurea), Кавказа Шимолӣ ва Украина (D. Lanata парвариш мекунанд. Панҷаи Алӣ чун гул низ маъмул аст.

Ад.: Флора СССР, т. 22, М.— Л.. 1955; Атлас лекарственных растений СССР, М., 1962.      

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …